Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ФИРОР КАРДАНИ АМИР
(Хотираҳои Муллоҷон Саъдуллоев)

2 сентябри соли 1920 ҳокимияти охирин «сояи худо дар замин» амир Саид Олимхон сарнагун карда шуд. Дар Бухоро байрақи сурхи озодӣ ҷилвагар гашт ва пас аз 12 рӯз, 14 сентябр Қурултои якуми Умумибухоро ташкил карда шудани Ҷумҳурияти Шӯ-рон Халқии Бухороро эълон намуд. Саид Олимхон ба сӯи Қаршӣ фирор кард, сони аз Қаротоғ гузашта, дар Душанбе қарор гирифт.

Соли 1920 ман 17-сола будам ва дар Қаротоғ истиқомат мекардам. Аз пагоҳӣ то ними шаб моку аз пеши чашмам дур намешуд. Хӯҷаин барои ҳамин қа-дар меҳнати пуразоб моҳе 15 танга медоду бас.

Вале баногоҳ дар зисту зиндагии муқаррарии мо як дигаргуние ба амал омад. Як бегоҳии хушҳавои сентябр савораҳои телпакҳои дарози пашминдор аз кӯчаҳои Қаротоғ аспҳоро чорхезкунон гузашта рафтанд. Онҳо одамонро пароканда карданд, огоҳ наму-данд, ки агар одамон аз ҳавлиҳояшон берун бароянд, кушта хоҳанд шуд. Як камбағал, ки лақаби ханда-овари Ҳоҷӣ Буласан дошт, итоат накард. Ӯро дар ҷояш парронданд. Ҷаноби олӣ омада истода будааст. Амир, ки одами сиёсатнок буда, на тоҷик ва на узбек буданаш маълум набуд, аз мобайни сарбозҳои худ меомад. Аз сабаби монда шуданаш ӯ бисёр туршрӯй ва бадқаҳр буд. Вале дар шӯълаи офтоби фурӯрафта-истода сангҳои қиматбаҳои либосҳои ӯ аз узангуи тиллоии аспаш ялаққос мезаданд. Ҳамаи инро ман аз болои боми рангрезхонаи як бой, ки аз муҳофизат-чиёни амир буд, тарсида ба он ҷо баромада будам, тамошо мекардам.

Саид Олимхон дар хонаи амлокдор маскан гирифт, дар Қаротоғ як шаб истод. Вале дар ин муд-дати кӯтоҳ ҳам, ӯ бисёр мусибатҳо овард. Зархаридони

пешина
аз 214
навбатӣ