Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ӯ ба ғорат кардани камбағалон сар карданд. Билол Меҳтар бо сурнайнавозии худ дар тамоми қишлоқ машҳур буд. Сарбози аз паси мурғ давида истодаро дида ӯ тоқат карда натавониста ва ба муқобили он бархест.

— Барои чӣ мурғи касро мекушед? — пурсид Билол. Сарбоз шамшерро кашида, ӯро зада кушт. Часади Билол тамоми шаб ва пагоҳӣ то ба Душанбе рафтани амир, дар кӯча монд. Аз ҳамон рӯз эътиборан дар давоми қариб чор моҳ сокинони Тоҷикистони Ҷанубӣ шоҳиди бадкирдориҳои амир ва думбардорҳои ӯ шуданд.

20 феврали соли 1921 мо қисмҳои Армияи Сурхро пешвоз мегирифтем. Як одами гимнастёркапӯш ва шлем бар сар нутқ карда, камбағалонро ба кори органҳои ҳокимияти нави халқ даъват намуд.

Маро ба анбори ғалла посбон таъин карданд, пас аз 2—3 рӯз ба ЧК аспбон карданд, баъд ман хаткашон шудам, сони анборчӣ. Дере нагузашта дар курсҳои махви бесаводӣ таҳсил мекардам.

21 феврали соли 1921 қисмҳои Армияи Сурх ба Душанбе даромаданд. Амир ба сӯи Кӯлоб ва аз он ҷо ба хориҷа фирор кард. Тоҷикистон озод карда шуд. Вале дар зарфи якчанд сол халқи тоҷик ба сохтмони социалистӣ шурӯъ карда натавонист, аввали соли 1922 дар Бухорои Шарқӣ дастаҳои Иброҳимбек тохтутоз мекард. Анварпошо бошад, ба ҳама ҷо фармонҳо фиристода, ҳамаро бовар мекунонд, ки ӯ ҷовидонист. Афсонае паҳн шуда буд, ки гӯё дар як ҷанг дар кадом як маҳалли байни Регар ва Шаҳринав тири тӯп ба аспи Анвар зада аспро куштаасту вале худи Анвар зинда мондааст. Аммо дере нагузашта ин одами «ҷовидонӣ» дар вақти гурехтанаш кушта шуд.

Дар яке аз рӯзҳои декабри соли 1921 мо аз воқеаҳое, ки шабона дар Душанбе рӯй дода буд, хабардор шудем. Миллатчии буржуазӣ, раиси ҳамонвақтаи КИМ-и Бухоро Усмон Хоҷаев ба он ҷо омад. Шарникони ӯ собиқ истиқоматгоҳи ҳокими амир, ки ҳозир комбинати орд ҷойгир аст, зиёфат ороста, командирони қисмҳои ҳарбиро хабар карданд ва кӯшиш намуданд, ки барои имзо кунонидани фармон ба таслимшавӣ маҷбур кунонанд. Ба хоинон муяссар гардид,

пешина
аз 214
навбатӣ