Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
маҳдуди қӯшунҳо дохил карда шуданд. Ин иқдом дар асоси моддаи 51-уми Устави ТДМ ва моддаи 4-уми шартномаи шӯроию афғонӣ оиди дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ, дар моҳи декабри соли 1978 баста шуд.
Душворие, ки дар назди Инқилоби Савр дар аввал ба амал омад — шиддат ёфтани дурӯғагии сиёсати Амин буд. Сентябри соли 1979 бо мақсади ҷисман маҳв намудани қонунҳои роҳбарияти Ҳизби Демократии Афғонистон ва давлати Н. М. Тарақӣ, Амин роҳи ба зӯрӣ гирифтани ҳукумат ва ҷорӣ кардани гурӯҳи террорию репрессивӣ (ҷазодиҳӣ)-ро ҷорӣ намуд. 27 декабри соли 1979 режими Аминро, бо қувваи тавонои Ҳизби Демократии Халқии Афғонистон ва Шӯрои инқилобии он сарнагун сохт. Амин аз якуми майи соли 1978 то 28 июли соли 1979 дар мансаби сарвазири ҷумҳурӣ ва вазири корҳои дохилиро адо менамуд. Баъдтар ҳангоми амалиёти қӯшунҳои шӯроӣ, дар утоқи кориаш ҳангоми таркидани гранат ҳалок шуд.
Моҳи июни соли 1980 Иттиҳодияи Шӯравӣ бо розигии ҶДА аз хоки он як қисми қӯшунҳояшро баровард. Октябри соли 1986 аз Афғонистон ба Ватан 6 полк; як полки танкӣ, ду пиёдагард ва се полки зенитӣ бо теъдодҳои техникию ҳарбӣ бароварда шуданд. (75. саҳ.-132).
Дар асоси шартномаи женевагӣ мӯҳлати баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон аз 15 майи соли 1988 оғоз ёфт. Аз 15 августи соли 1988 давраи якуми баровардани қӯшунҳо аз мамлакат бо техникаҳо, 50 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ бароварда шуданд, ки 50 фоизи таркиби минтақавии қӯшунҳои шӯроиро ташкил мекард. Қисмҳои боқимонда дар шоҳроҳи байни Кобул — Хайратон, Ҳирот — Кушка ҷойгир буданд, ки онҳо дар асоси мӯҳлати то 15 феврали соли 1989 бардошта мешуданд.
Ҳамин тавр, дар давоми даҳ соли ҷанги беъҙону бемақсад садҳо маҳаллаҳо, 2 ҳазор мактаб, бештар аз 150 беморхона вайрон гашт.
Дар асоси шартномаи Женева бо мақсади ёрӣ расондан ба Афғонистон бо дастгирии ТДМ, ташкилотҳои байналхалқӣ қариб 900 миллион доллар пул озуқа, маснуоти зарурӣ дода шуд. Ҳиссаи ИҶШС ба Афғонистон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё