Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
соли 1978 Инқилоби миллию демократӣ ғалаба кард ва 30 апрели соли 1978 Ҷумҳурии Демократии Афғонистон эълон карда шуд.
Моҳи декабри соли 1978 даъвати махсуси намояндагони ҳизбию ҳукуматии ҶДА, шартномаи дӯстию ҳамраъйӣ ва ҳамкориро бо ИҶШС бастанд.
Қувваҳои бадхоҳонаю инқилоби афғонӣ, боиси дар ҳудуди Покистон ва дигар давлатҳо бо дастгирии империализми байналхалқӣ, бо сардории ШМА, бо мақсади барҳам додани пойдории ҳукумати ҶДА пайдо шуданд.
Дар дохили ҷумҳурият қувваҳои калонмиқёси ҳарбӣ пайдо гардида, ҷангҳои эълоннашуда, муқобили давлати мустақили бетараф оғоз намуданд.
Хоҳиши роҳбарияти ҷумҳурияти Афғонистон аз қӯшунҳои шӯравӣ аз ибтидо санаҳои зерин доштанд; 14 апрели соли 1979 — «Ба ҶДА 15—20 вертолётҳои ҳарбии шӯравӣ бо экипажаш фиристода шавад»; 16 июн — «Ба ҶДА экипажи танкӣ ва БМП барои муҳофизати ҳукумат, аэродромҳои Баграму Шинданд фиристода шавад»; 11 июл — «Дар Кобул якчанд гурӯҳҳои махсуси ҳарбӣ таъсис ёбад, ки ҳар якаш батальон дошта бошад, фиристода шавад; 19 июл — «Ба Афғонистон ду дивизия оварда шавад»; 21 июл — «Ба Кобул дивизияи десанти ҳавоӣ, 8 — 18 вертолётӣ Ми-25 бо экипажи шӯравӣ оварда шавад»; 24 июл — «Ба Кобул дивизияи десанти ҳавоӣ, 8 — 10 вертолётӣ лётӣ бо экипажаш фиристода шавад»; 12 август — «Ҳатман ва тезтар ба Кобул подразделенияҳо фиристода шавад..»: «21 август «Ба Кобул 1,5 — 2 ҳазор тан десанти ҳавоӣ фиристода шавад. Яроқи зении Афғонистон бо яроқи зении шӯравӣ иваз карда шашавад»; 3 декабр — «Ба ноҳияҳои шимолии Афғонистон подразделенияҳои милицияи шӯравӣ оварда шавад»; 12 — 17 декабр — «Дар шимолии Афғонистон гарнизонҳои шӯравӣ ҷойгир карда, роҳҳои ҶДА зери назорат гирифта шаванд».
Ҳамаи ин маълумотҳо аз Афғонистон ба Марказ омада буданд ва то имрӯз махфӣ нигоҳ дошта шудаанд (74).
Дар ҷавоби чандинқаратаи хоҳиши роҳбарияти ҶДА бо айби роҳбарони он давраи ИҶШС минтақаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё