Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

кишвари хеш ҷоннисориро нисбат ба маҳбусию ҳабисӣ ва дуруягӣ шараф ва зиндагӣ донистаанд.

Оре, набарди зидди фашизм басо ваҳмангез буд.
Гитлер ба ҷанги зидди ИҶШС 190 дивизия ё 5,5 миллион гитлерчиёнро равона кард. Ба фронти зидди ИҶШС 3712 танк, 4950 самолётҳои ҷангӣ, 47260 тӯп ва миномёт равона шуда буд. (47).

Фашистон 1710 шаҳру посёлка, 70 ҳазор деҳқада, 31850 корхонаҳои саноатӣ, 65 ҳазор километр хати роҳи оҳан, 4100 станцияи роҳи оҳан, даҳҳо ҳазор колхозу совхозҳо, 84 ҳазор мактаб, техникуму мактабҳои олӣ ва муассисаҳои тадқиқотии илмӣ, 40 ҳазор шифохона, 43 ҳазор китобхонаро оташ зада ба хок яксон намуданд. Мамлакат 30 фоизи боигарии миллиашро аз даст дод. Меҳнаткашони Тоҷикистон ба фонди мудофиа 30.500 ҳазор сӯм пули нақд, 45.207 ҳазор сӯм заёми давлатӣ, барои колоннай танкии «Колхозчиёни Тоҷикистон» 84 млн сӯм, барои эскадриляи «Тоҷикистони Советӣ» 35,2 млн. сӯм гузаронданд.
Халқи тоҷик барои ҷанговарони сурх 151 вагон тӯҳфаҳои гуногун фиристод. Барои колоннаҳои танкии «Муаллими халқ», «Корманди тиб», «Матбуотчӣ», «Тоҷикистон» низ маблағи зиёде ҷамъ омад (47).

САРБОЗОНИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ

Пеш аз он ки дар бораи сарбозони байналмиллалӣ сухан ронем, аввало дар бораи муносибатҳои ИҶШС ва Афғонистон. аз ибтидо якчанд иқтибосҳоро пеши назар овардан бамаврид аст. Ҳанӯз 27 марти соли 1919 давлати навмустақили Афғонистон, бо давлати ҷавони Ҷумҳурияти Шӯроӣ муносибатҳои дипломатиро оғоз карда буд. 28 феврали соли 1921 дар Кобул шартномаи шӯрою афғонӣ баста, дастгирии бузурги тарафайн гардид. 24 июни соли 1931 Афғонистон бо ИҶШС шартномаи ба ҳамдигар ҳуҷум накардан ва дахлнопазирӣ ба корҳои дохилии ҳамдигар баст ва он баъди ҳар даҳсола, се маротиба ба имзо расид. (75.
саҳ — 131).

17 июли соли 1973 дар натиҷаи табадуллоти ҳарбӣ. Ҷумҳурияти Афғонистон таъсис ёфт. 27 апрели

пешина
аз 214
навбатӣ