Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,
Шаби тӯи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.
Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашта, марҷонро,
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам,
Надорам тоқати доғи писар дидан дигар ҳаргиз,
Саросар сӯхтори пуршарар дидан дигар ҳаргиз.
Ба ҳар як хона тифли бепадар дидан дигар ҳаргиз.
Ҳаёти одамиро дар хатар дидан дигар ҳаргиз.

Аз фиристодагони деҳаи Қаротоғ ба набардҳои ҷангӣ 6 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаи сеюм, 9 нафар бо ордени «Ситораи Сурх», 10 нафар бо медали «Барои шуҷоатнокӣ» ва 11 нафар бо медали «Барои шарафи ҷангӣ» қадр карда шудаанд.

Чунончӣ, Ғуломалӣ Алиев, Набӣ Шарифов, Шаҳҳоб Азизов, Ваҳҳоб Турсунов, Ғанӣ Воҳидов, Раҳим Каримов бо ордени «Шараф» дараҷаи сеюм ва боз бо чандин ордену медаллаҳо қадр шудаанд.

Ҷанговарон Яҳё Ҳайдаров, Ҳалим Раҳимов, Ҳаким Раҳимов, Ҳайдар Саъдиев, Отабой Ашӯров, Ғанӣ Воҳидов, Алимардон Шоймардонов, Муллоҷон Саъдуллоев бо орденҳои «Ситораи Сурх» қадр карда шудаанд.

Ҷанговарон Карим Шарифов, Вобораҷаб Саидов, Ҳомид Зарифӣ, Сиддиқ Содиқов ва чанде дигарон бо медалҳои «Барои шуҷоатнокӣ» ва «Барои шарафи ҷангӣ» қадр карда шудаанд.

Корнамоиҳои ҳар яке онҳо дар саҳифаи таърих
зинда аст ва абадӣ хоҳад монд.

Аз набардҳои ҷангӣ бисёр қаротоғиҳо бо як пой ба деҳаи Қаротоғ баргаштанд. Имом Халилов, Хайрулло Болтаев, Мурод Қурбонов як пои худро баҳри Ватан ҳадя намуданд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои халқи сермиллати шӯрӯй озмоиши гароне буд. Ҷанг алайҳи аҷнабиёни ғаддору хунхор 1418 шабурӯз кашол ёфт, ки дар он беш аз 20 миллион одамони шӯрӯй қурбон шуданд.
Мувофиқи ҳисоби иқтисодшиносон ҳар дақиқае 10 нафар сарбозони сурхи шӯрӯй оламро падруд мегуфнафар сарбозони сурхи шӯравӣ оламро падруд мегуфтанд. Ва агар ба хотири ҳар яке он 20 миллион шаҳидон дақиқае сукут варзем 38 солу 6 моҳ хомӯш мебояд буд. Зеро ҳар яке онон дар роҳи озодии Ватану

пешина
аз 214
навбатӣ