Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

августи соли 1943 ба набард даъват шуд ва ҳамчун аскари қаторӣ хизмат мекард, ки полки 309-уми тирандозӣ он ҷо амал дошт. 9 апрели соли 1944 қаҳрамонона шаҳид гашт ва дар қабристони бародарии «Братское», ноҳияи Пскови вилояти Ленинград дафн карда шуд.

Қӯзиев Ибодулло, соли таваллудаш 1911, аз оилаи собунпаз. То ба набард даъват шуданаш омӯзгор буд. 19 сентябри соли 1942 ба набард даъват шуду дар полки тирандозии 907-ум хизмат кард. 12 феврали соли 1944 дар ҷанубу ғарбии деҳаи Биково, ноҳияи Идрицени вилояти Калинин ҳалок шуд ва дар ҳамон ҷо дафн гардид.

Ҳайдаров Алӣ, соли таваллудаш 1924, аз оилаи бофанда. Соли 1942 ба набард даъват шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии 61261-ум хизмат кард. 2 сентябри соли 1943, 2 километр дуртар аз деҳаи Гомелнияи вилояти Харкор шаҳид гашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурданд.

Ҳоҷиев Элмӯрод, 11 феврали соли 1944 ҳангоми разведка дар деҳаи Кичера, ноҳияи Батетси, вилояти Ленинград шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.

Ҷамолов Ҳидоят, соли таваллудаш 1918, дар оилаи косиб ба дунё омад. Ба набард соли 1942 даъват шуд. Дар ҳайати полки 1090-уми набарди Белоруссия адои хизмат кард. 7 августи соли 1944 дар деҳаи Лупянка, ноҳияи Лапскийи Белоруссия ҳалок гардид ва дар ҳамон ҷо ба хок супурда шуд.

Мо дар бораи дигар шаҳидони ҷанг аз рӯи рӯйхати Ленинград шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.
дар саҳифаи алоҳида шинос мешавем.

Мирзо Турсунзода рӯзҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳоли модарони муштоқро пеши назар оварда дар шеъри «Дили модар» чунин навиштааст:

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд.
Агарчи мурдани фарзандро дар ҷанг дидам ман,
Агарчи борҳо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам ҷоҳканро ба зери ҷоҳ,
Намурдам, гарчи бо нашмам ачал ҳар ранг дидам ман.

пешина
аз 214
навбатӣ