Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

роҳи Вильнюс — Каунас, дар қисми ғарбии деҳаи Гарунти ноҳияи Вевис қаҳрамонона шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.

Шарифов Абдулло, соли таваллудаш 1911. 3 апрели соли 1943 ба набард даъват шуд. Ӯ дар қисми ҳарбии 51850 хизмат кард. 6 сентябри соли 1943 дар яке аз набардҳои Украина, дар шаҳраки Зеньков, вилояти Полтава шаҳид гашт ва дар он ҷо дафн карданд.

Шомардонов Шариф, соли таваллудаш 1923. 26 апрели соли 1943 ба набард даъват шуд. Аскари қаторӣ шуда адои хизмат кард. 18 марти соли 1944 дар деҳаи Стайка, вилояти Калинин ҳалок шуд.

Шокиров Раҳмат, соли таваллудаш 1912. То ба набард даъват шуданаш омӯзгор буд. 30 январи соли 1943 ба набарди ҷангӣ даъват шуд. 13 марти соли 1944 дар шимолии деҳаи Симонова, ноҳияи Пустошинск, вилояти Калинин ҳалок гашт. Рақами қабраш 82.

Ғафуров Шариф, соли таваллудаш 1907. 15 декабри соли 1941 ба набард даъват шуд. 20 августи соли 1943 дар 1500 метр шимолии деҳаи Хольбино, ноҳияи Ярцев, вилояти Смоленск қаҳрамонона шаҳид гашт ва мазораш он ҷост.

Ғафуров Пӯлод, 5 июли соли 1943 дар деҳаи Турейка, ноҳияи Трусянск, вилояти Курск шаҳид гашт ва қабраш он ҷост.

Қодиров Қурбоналӣ, 1 марти соли 1944 дар вилояти Калинин, деҳаи Стреци шаҳид гашт ва дар ҳамон ҷо ба хок супурданд.

Қодиров Хол, соли таваллудаш 1924. 6 апрели соли 1944 дар ноҳияи Брослави Белоруссия шаҳид гашт ва қабраш дар он ҷост.

Қодиров Ғаниҷон, бо рутбаи сержант адои хизмат мекард. 12 июли соли 1944 дар ноҳияи Брослави Белоруссия шаҳид гашт, қабраш он ҷост.

Қурбонов Ҳафиз, дар қисми ҳарбии 43927 хизмат мекард. 7 январи соли 1944 дар 900 метр шимолии деҳаи Жильное, ноҳияи Витебски вилояти Витебск шаҳид гашт ва он ҷо ба хок супурда шуд.

Қурбонов Ҳамид, соли таваллудаш 1910, аз оилаи чармгар. То ба набард рафтанаш омӯзгор буд. 24

пешина
аз 214
навбатӣ