Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

600 миллион долларро ташкил намуд, ки ба он маҳсулотҳои озуқаворӣ, зироати ғалла, ашёи тиббӣ, либосу ҷойпӯш, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд. Ҷанги Афғонистон талафоти калони иқтисодӣ овард. Миқдори талафот ба андозаи умумии даромади Афғонистон дар зарфи 50 сол баробар аст. Дар давоми ҳамкории ИҶШС бо Афғонистон, дар дохили худи Афғонистон бо кӯмаки ИҶШС 140 корхонаи саноатӣ сохта шуд, ки дар онҳо 75 фоизи маҳсулоти Ҷумҳурии Афғонистон истеҳсол карда мешаванд. (75. саҳ—135).

Дар ҷанги бемақсади Афғонистон бештар аз 13 ҳазор аскарони шӯроӣ ҳаётро падруд гуфта ҷавонмарг гаштанд (74) Аз Тоҷикистон бештар аз 10 ҳазор нафар дар қӯшунҳои маҳдуди шӯроӣ ба Афғонистон фиристода шуданд. Аз онҳо 325 нафарашон дар мусофират ҷавонмаргу шаҳид гаштанд.

Аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Турсунзода, бештар аз 400 нафар дар қӯшунҳои маҳдуди шӯроӣ дар Афғонистон адои хизмат намуданд. Аз онҳо 15 нафарашон шаҳид ва 16 нафарашон маъюби дараҷаи II—III-юм баргаштанд. Аз фиристодагони ноҳияи мо 27 нафарашон бо ордени «Ситораи Сурх», 27 нафарашон бо медали «Барои шуҷоатнокӣ», 22 нафарашон бо медали «Барои хизматҳои шоистаи ҷангӣ» қадр карда шуданд.

Ҳангоми мусоҳиба бо модарони шаҳидони ҷанги Афғонистон ҳамеша сукут мекардаму дар рӯҳи ҷигарбандонашон сано мехондам. Ҳар як модар алами тозаи хешро бо оби чашм омехта баён мекард. Дилҳо реш, дидаҳо нам мегирифт. Яке бо орзуҳои зиёде ҷомаи домодӣ дӯхтааст, дигаре барои интихоби арӯси нозанин омада буд. Ҷавонмаргон дар дил орзуҳо доштанду вале ҳайфо, ки онро зери хок бурданд. Дар эҳсоси онҳо ишқи аввал орзуи рӯзи никоҳу зери ҷодари арӯсӣ ҷӯш мезад. Орзуҳои модарому шаҳидгаштагонро риҳлати бегона аз байн рабурд. Тобутҳои сиёҳи ҷавонмаргон «лолаҳои сиёҳ» ном гирифт. Ин «лолаҳои сиёҳ» ба хонадони волидон ҳамроҳи худ борони ашк оварданд. Борони ашк дар дилу дидаҳо раъду барқ мезаданду оташакҳо пайдо мешуданд.

пешина
аз 214
навбатӣ