Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Оташҳо сиёҳанд, ба дилҳо равшанӣ намебахшиданд.
Кӣ медонад, ки шаҳидгаштагон дар дами маргашон чӣ васият кардаанду чӣ рози дил гуфтаанд? — Гумони хеш он аст, ки ҳангоми ҷудоии рамақ аз тан ҷавонмаргон модари ҷонро вирди забон оварда, бахшиш пурсидаанд. Модарон синаи раҳм доранду шири хешро мебахшанд. Вале аз номуродии ҷигарбандон аз дилҳо хуну аз дидаҳо ашк мерезанд.
Ҳа, дар ҳақиқат ғаму дарди модароне, ки ҷигарбандошон дар Афғонистон меҷангиданд, зиёд буд. Модарон баҳри фарзандони худ доду фиғон мекарданд,
ғаму ғусса даруни синаи онҳо ҷо шуда буд. Ашки
чашми онҳо қоқ намешуд. Аз ғаму дарди зиёд қомати
онҳо ҳам гашта буд, ки дар ин бора Умринисои Султон
дар шеъри «Андӯҳи модар» чунин гуфтааст:
АНДӮҲИ МОДАР
Ман, ки ҳамсояи ин модари бас дилсӯзам,
Ашк дар диданӣ ӯ дида басе месӯзам.
Аз ғаму ғусса чӣ сон қомати ӯ ҳам задааст,
Хоҳам ин лаҳза чу шамсе ба дилаш афрӯзам.
Ғами фарзанди ба ҷанг рафта бар ӯ бор шудаст,
Чашми ӯ дар роҳи дилбанд басе чор шудаст.
Хона карда ғами фарзанд даруни сина,
Ба чӣ минвол нигар, логару бемор шудаст.
Баҳри фарзанди азизаш бикунад доду фиғон,
Дуди оҳаш бирасад низ ба авҷи кайҳон.
Рафта буд ӯ паи ҳифзи Ватани ҳамсоя,
То диҳад ёрию хушҳолӣ ба халқи афғон.
Аз қазо тири аду зад ба сари синаи ӯ,
Барабас рафт дило, мақсади деринаи ӯ.
Ҷон супорид пайи дӯстию ҳамкорӣ,
Аз задан монд абад он дили бекинаи ӯ.
З-ин сабаб рӯзу шабон модари ҷон нолон аст,
Аз чунин қисмати беисмати худ ҳайрон аст.
Ҷуз ман имрӯз варо ҳеҷ хабаргире нест,
Магар ин пеша зи рӯи шарафу виҷдон аст?!
Мисли ӯ кам набувад модаре дар ин кишвар,
Он ки сӯзад ҳама дар оташи ғамҳои писар.
Ҷанг ин доғи сиёҳест, аз он алаздор!
Рӯи он ҳеҷ набинад дигар авлоди башар!
М. Турсунзода дар достони «Аз Ганг то Кремл»
мисраъҳои зайлро чун насиҳат ба мо мондааст:
Хун нарезад, дӯстон, зинҳор,
Ки зи хун рехтан замин безор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё