Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Пеши бегонагон ҳалим шавед,
Дилу ҷон тозакун насим шавед.
Оре, ҷавонони ҷавонмаргшуда ҳалиму оқил буданд, вале замон дигаргун шуду дӯстон душман шуданд.
Инак, бо умеди бунёди бурҷи сарбозони шаҳидгаштаи байналмилалӣ дар Осорхонаи ба номи М.
Турсунзода, бо ризояти волидони шаҳидон гирдвардҳои хешро чун поси хотир ба намоиш мегузорам.
Чанд сухан аз ҳаёти ҷавонмаргони шаҳидгаштаи сарбозони байналмилал, ки аз ноҳияи Турсунзода буданд.
Қосимҷони Сатторзода. Миллаташ ӯзбек, соли 1967 дар деҳаи Аскари Сурхи Шӯрои деҳоти Қаротоғ ба дунё омадааст. Соли 1984 мактаби миёнаи № 34-и ноҳияро хатм кард. Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон супурд. Аммо бахташ омад накард. Моҳи ноябри соли 1984 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд. Таи чанд моҳи хизмат дар хоки шӯравӣ, ӯро ба Афғонистон фиристоданд.
29 июни соли 1986 ҳангоми адои хизмат дар задухӯрдҳои ҷангии Афғонистон шаҳид гашт. 2-юли соли 1986 ҷасадашро назди волидонаш оварданд ва 3 июл ба роҳи охирин гуселаш намуданд. 13 январи соли 1987 хизматҳои шоистаи ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд. Барои абадӣ гардондани поси хотираш, 16 сентябри соли 1987 бо қарори кумитаи комсомолии шаҳри Турсунзода дружинаи пешоҳангони мактаби миёнаи № 34-и ноҳия ба номи Қосимҷони Сатторзода гузошта шуд.
Абдумӯмини Каримзода. Миллаташ ӯзбек, соли
1962 дар деҳаи Пахтакори Шӯрои деҳоти Чапаев ба
дунё омадааст. Соли 1979 мактаби миёнаи № 15-и ноҳияро хатм намуд. Таҳсилро дар мактаби ронандагии
шаҳри Деҳнав идома дода, соҳиби пешаи ронандагӣ
гашт. Моҳи ноябри соли 1982 ӯро ба сафи Қувваҳои
Мусаллаҳ даъват намуданд. Таи чанд моҳи адои хизмат дар сарзамини шӯравӣ, ӯро ба Афғонистон фиристоданд. 3 сентябри соли 1982 дар мусофират дар
хоки Афғонистон шаҳид гашт. 6 сентябри соли 1982

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё