Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
ҷасади ӯро назди волидонаш оварданд ва 7 сентябр дар оромгоҳи маҳаллашон ба хок супурданд.
Ҳасанбой Ҷабборзода. Соли 1963 дар деҳаи Яхшиободи Шӯрои деҳоти Сешанбе ба дунё омадааст.
Мактаби миёнаи № 32-ро соли 1980 хатм намуд. Моҳи апрели соли 1981 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд ва таи чанд моҳи хизмат дар хоки шӯравӣ, ба Афғонистон фиристода шуд. Ӯ ҳамчун аскари қаторӣ адои хизмат менамуд. 21 декабри соли 1981 ҳангоми адои хизмат шаҳид гашт. 3 январи соли 1982 ҷасади ҷавонмаргшудаашро назди волидонаш оварданд ва 4-уми январ ба роҳи охирин, ба оромгоҳи маҳаллашон гуселониданд.
Абдулмӯмини Абдулнабизода. Соли 1960 дар шаҳри Турсунзода (собиқ Регар) таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи № 17 таҳсил карда, онро соли 1978 хатм намуд. Моҳи майи соли 1979 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Ӯ ҳамчун аскари қаторӣ адои хизмат мекард. 27 декабри соли 1979 ҳангоми амалиёти ҷангӣ корномае нишон дода ҳалок гашт.
Ҷасади ӯро 29 декабр назди волидонаш оварданд ва 30 декабр дар оромгоҳи деҳаи Галашаҳид ба хок супориданд. Баъди маргаш корномаҳои ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд.
Мӯминҷони Яздонзода. Соли 1965 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 17 таҳсил карда, онро соли 1982 хатм кард. Моҳи ноябри соли 1983 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват карда шуд. Таи чанд моҳ дар хоки шӯравӣ адои хизмат кард ва ӯро ба Афғонистон фиристоданд.
23 июли соли 1985 аскари қаторӣ М. Яздонзода ҳангоми амалиёти ҷангӣ корномае нишон дода шаҳид гашт. 30 июл ҷасади ҷавонмаргшудаашро назди волидонаш оварданд ва 31 июл дар оромгоҳи маҳаллаи Галашаҳид ба роҳи охирин гуселаш намуданд. Баъди маргаш корномаҳои ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд.
Тоҳири Муҳаммадизода. Соли 1962 дар деҳаи Навободи Шӯрои деҳоти Навобод ба дунё омадааст. Дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё