Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
мактаби миёнаи № 28 таҳсил намуда, онро соли 1979 хатм кард. Соли 1980 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ даъват карда шуд. Ҳамчун аскари қаторӣ адои хизмат намуда 16 июни соли 1981 дар мусофират, дар хоки Афғонистон шаҳид гашт. Ҷасади ҷавонмаргшудаашро 19 июнь назди волидонаш оварданд ва 20 июнь ба роҳи охирин гуселониданд.
Абдулло Амирбекзода. Соли 1962 дар шаҳри Тошканд, дар ноҳияи Куйбишев ба дунё омадааст. Маълумоти ҳаштсоларо дар мактаби миёнаи № 75-и шаҳри Турсунзода гирифт, таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбию техникии № 59-и шаҳри Турсунзода идома дод ва соли 1980 онро хатм намуд. Моҳи апрели соли 1981 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд. А. Амирбекзода ҳамчун аскари қаторӣ дар полки танкӣ хизмат кард. 9 феврали соли 1982 ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ шаҳид гашт. 18 феврали соли 1982 ҷасади ҷавонмаргшудаи ӯро назди волидонаш оварданд ва 18-уми февраль дар оромгоҳи Галашаҳид ба хок супурданд.
Шумихан Игорь Анатолевич. Соли 1963 дар шаҳри Қараболти ҶШС Қирғизистон ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсил карда онро хатм намуд. Соли 1979 баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишкадаи политехникии шаҳри Томск дар факултети энергетика идома дод ва моҳи апрели соли 1983 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. 18 июни соли 1984 ҳангоми амалиёти ҷангӣ корнамоӣ нишон дода, дар мусофират шаҳид гашт. Ҷасади ҷавонмаргшудаи ӯро 30 июни соли 1984 ба назди волидонаш оварданд ва якуми июль дар оромгоҳи шаҳри Душанбе ба роҳи охирин гуселониданд. Баъди маргаш корнамоии ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд.
Бозор Қароқулзода. Соли 1960 дар деҳаи Чапаеви Шӯрои деҳоти Чапаев ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 14 таҳсил намуд ва онро соли 1977 хатм кард. Соли 1981 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ даъват карда шуд. 12 декабри соли 1982 ҳангоми адои хизмат сахт ярадор гашт ва ӯро ба беморхонаи Самарқанд оварданд ва дар он ҷо аз олам чашм пӯщид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё