Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Ӯ бо рутбаи сержант адои хизмат мекард. Ҷасади ҷавонмаргшудаи ӯро дар оромгоҳи маҳаллашон ба хок супурданд. Барои абадӣ гардонидани поси хотираш 17 июни соли 1988 бо қарори № 30-и кумитаи комсомолии шаҳри Турсунзода, дружинаи пешоҳангони мактаби миёнаи № 14 ба номи Бозор Қароқулзода гузошта шуд.
Ибодулло Абдурасулзода. Соли 1966 дар деҳаи Работи Шӯрои деҳоти Работ ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 19 таҳсил карда, онро соли 1983 хатм намуд. Моҳи май соли 1984 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ даъват карда шуд. Ӯ ҳамчун аскари қаторӣ адои хизмат мекард. 16 октябри соли 1984 дар яке аз задухӯрдҳои ҷангӣ корнамоӣ нишон дода шаҳид гашт. Баъди чанд рӯз ҷасади ӯро назди валидонаш оварданд ва дар оромгоҳи деҳаи Работ ба роҳи охирин гусел намуданд. Хизматҳои ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шудаанд. Барои абадӣ гардондани поси хотираш 23 марти соли 1988 дружинаи пешоҳангони мактаби миёнаи № 19 бо қарори № 34-и кумитаи комсомолии шаҳри Турсунзода ба номи Ибодулло Абдурасулзода гузошта шуд.
Абдурасул Эшонқулзода. Соли 1965 дар деҳаи Говмеши Шӯрои деҳоти Чапаев ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 50 маълумоти ҳаштсола ва дар мактаби миёнаи № 15 таҳсил карда, маълумоти миёна гирифт, онро соли 1983 хатм намуд. Моҳи май соли 1984 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд ва 7 ноябри соли 1984 дар яке аз задухӯрдҳои ҷанг корнамоӣ нишон дода, шаҳид гашт. 9 ноябр ҷасади ӯро назди валидонаш оварданд ва 10-уми ноябр дар оромгоҳи деҳаи Говмеш ба роҳи охирин гуселониданд. Баъди маргаш корнамоиҳои ҷангиаш бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд.
Давыдов Сергей Борисович. Соли 1967 дар шаҳри Ардони Осетияи Шимолӣ ба дунё омадааст. Ӯ соли 1984 мактаби миёнаи № 75-и шаҳри Турсунзодаро хатм кард. Баъди хатми мактаби миёна дар Донишкадаи Тарбияи Ҷисмонии шаҳри Душанбе таҳсил кард, баъди хатми курси якум таҳсилро дар Донишкадаи Тарбияи Ҷисмонии шаҳри Ленинград идома дод. 5 декабри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё