Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

соли 1985 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ даъват карда шуд. Таи чанд моҳи хизмат дар хоки шӯравӣ, ӯро ба Афғонистон фиристоданд. 2 апрели соли 1987 дар мусофират, дар хоки Афғонистон шаҳид гашт. Ҷасади ӯро 5-уми апрели соли 1987 назди волидонаш оварданд ва 6-уми апрел дар оромгоҳи шаҳри Турсунзода ба роҳи охирин гуселониданд.

Нурбобо Манонзода. Соли 1962 дар деҳаи Тошободи Шӯрои деҳоти Навобод ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 25 таҳсил карда, онро соли 1979 хатм намуд. Моҳи маи соли 1981 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи шӯравӣ даъват карда шуд. Таи чанд моҳи хизмат дар хоки шӯравӣ ӯро ба Афғонистон фиристоданд. Аскари қаторӣ Н. Манонзода 16 январи соли 1982 дар мусофират, дар хоки Афғонистон аз олам чашм пӯшид. Ҷасади ҷавонмаргшудаи ӯро назди волидонаш оварданду дар оромгоҳи деҳаи Янгӣ Турмуш ба хок супурданд.

Маъруфҷон Ғаффорзода. Соли 1962 дар деҳаи Яхшиободи Шӯрои деҳоти Сешанбе ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи № 32-ро соли 1980 хатм намуд. Моҳи апрели соли 1981 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват карда шуд. Ӯро баъди чанд моҳи адои хизмат дар хоки шӯравӣ ба Афғонистон фиристоданд. 29 июли соли 1982 ҳангоми амалиёти ҷангӣ корнамоии нишон доду ҷавонмарг гашт. Ҷасади ӯро 2 августи соли 1982 назди волидонаш оварданд ва баъд аз як рӯз дар оромгоҳи деҳаи Яхшиобод ба роҳи охирин гуселониданд. Корнамоиҳои ҷангии ӯ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр карда шуд. 14 декабри соли 1988 бо қарори № 15-и кумитаи комсомолии шаҳри Турсунзода дружинаи пешоҳангони мактаби миёнаи № 32 ба номи Маъруфҷони Ғаффорзода гузошта шуд.

Қурбоналӣ Доназода. Соли 1962 дар деҳаи Карл Маркси Шӯрои деҳоти Ғарав ба дунё омадааст. Дар мактаби миёнаи № 40 таҳсил кард, онро соли 1979 хатм намуд ва таҳсилро дар омӯзишгоҳи касбию техникии № 59 идома дод. Соли 1980 баъди хатми омӯзишгоҳ ронанда шуд. Моҳи апрели соли 1981 ӯро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват намуданд. Таи чанд моҳ, ҳамчун аскари қаторӣ дар хоки шӯравӣ адои хизмат

пешина
аз 214
навбатӣ