Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
кард ва ӯро ба Афғонистон фиристоданд. 8-уми июли соли 1982 ҳангоми амалиёти ҷангӣ дар мусофират шаҳид гашт. Ҷасади ҷавонмарггаштаи ӯро 14 июл назди волидонаш оварданд ва 15 июл дар оромгоҳи деҳаи Ғарав ба хок супурданд.
Ба хотираи поси шаҳидони байналмилалӣ имрӯз бо ташаббуси қўмитаи комсомолии шаҳри Турсунзода дар даромадгоҳи шаҳр «Пайраҳаи шаҳидон» бунёд карда шудааст, ки акси 15 нафар шаҳидони ҷавонмарггашта бо исму насабашон ба чашм мерасад.
Дар Осорхонаи ба номи М. Турсунзода дар поясанги хорогӣ исму насаби шаҳидони байналмилалӣ сабт карда шуд. Хароҷоти ин поясангро сарвари хоҷагии ёрирасони заводи арзизи Тоҷикистон Мирзоаҳмади Мурод ба зимма гирифт.
Чуноне ки пештар сабт намудем, дар давоми ин ҷанги бемақсаду беэълон 16 нафар ҷавони ноҳия маъюбони гурӯҳи дуюму сеюм гаштаанд.
Сабт намудани исму насаби маъюбон дар рӯи коғаз ба маврид аст, чунки онҳо бо чашмони худ задухӯрдҳои ҷангии бемақсадонаи Афғонистонро дидаю хулоса баровардаанд. Маъюбони сарбозони байналмилалӣ — Аҳлӣ Халилзода, Суван Файзуллозода, Карим Тоҳирӣ, Григорий Маняевич, Зиёдуллои Барот, Акбари Кенча, Алиҷони Ҳайдар, Холмати Юлдош, Абдуғанӣ Раҳимзода, Эркинҷони Холмурод, Раҳмат Бӯризода, Собирҷони Худойқул, Собир Бобозода ва Солеҳи Насриддин мебошанд (55):
Хотираҳои онҳо басо пурмазмуну ҳаяҷоновар аст.
Рӯйхати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз деҳаи Қаротоғ
- Абдуллоев Сайдмурод 1918 муаллим 1941
- Абдуллоев Тёмур 1910 бофанда 13-05-1943
- Абдуллоев Исмат 1900 кафшдӯз 24-06-1943
- Абдуллоев Саъдулло 1914 бофанда 1941 04-10-1943

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё