Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

инчунин ба ин ва ё он сифат молик будани предмети сарҷумларо шарҳ медиҳад.

На ҳамаи ҷумлаҳои пайрави сабаб барои исботи фикри дар сарҷумла гуфташуда далели раднашаванда ба ҳисоб мераванд. Баъзеи онҳо барои фикри шубҳаноки сарҷумла чун далел истеъмол меёбанд ва як гурӯҳи дигарашон тамоман далели даъво шуда наметавонанд. Ба тарзи гуногун воқеъ гардида, барои исботи фикрҳои мухталифи дар сарҷумла ифодаёфта истеъмол гардидани ҷумлаи пайрав бо ёрии воситаҳои лексикӣ, ҳиссачаҳо ва калимаю таъбирҳои модалӣ имконпазир мегардад.

Ҷумлаи мураккаби тобеи сабаб-натиҷа аз ду ҳиссаи мустаҳками диалектикӣ иборат буда, ҳиссаи якуми он сабаб ва ҳиссаи дуюми он натиҷаро далолат мекунад, воқеаи сабаби ҳама вақт пеш аз воқеаи натиҷавӣ ба амал меояд, ки он бо шакл ва замонҳои феълӣ ифода меёбад. Ҳиссаи дуйӯм на танҳо натиҷаи як воқеа, балки метавонад натиҷаи якчандто ҳодисаҳое бошад, ки онҳо дар сурати ҷумлаҳои пайрав воқеъ шудаанд. Ҳодисаи натиҷавӣ (сарҷумла) дар мавриди дигар метавонад чун ҳодисаи сабабӣ воқеъ гардад ва боиси ба амал омадани натиҷаи дигаре шавад.

  1. Вазифа ва моҳияти ҷумлаи пайрав хеле васеъ буда, ҳатто аз доираи ҷумлаи мураккабе, ки аз ду ҷумлаи содда иборат аст, берун меравад. Ҷумлаҳои пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст ва тобеъ воқеъ мегардад ва барои ба амал омадани фикри тому мураккаби ҳамаи ҷумла мавқеи муайяне дорад. Тарзи дар таркиби ҷумлаҳои сертаркиба омадани ҷумлаи пайрави сабаб басо гуногун буда, чӣ дар шакли содда ва чӣ дар шакли мураккаби пайвасту тобеъ метавонад пеш аз сарҷумла, пас аз он ва ё дар мобайни аъзоёни вай ҷойгир шавад. Ҷумлаи пайрави сабаб на танҳо барои эзоҳи сарҷумла ва ҷумлаҳои пайрави ғайр ва ё ба худ тобеъ намудани онҳо, балки барои шарҳ додани дигар ҷумлаи пайрави сабаб низ истифода меёбад. Ҷумлаи пайрави сабаб на танҳо як, балки ду ва зиёда ҷумлаҳои соддаро низ эзоҳ медиҳад ва ё чида шуда бар эзоҳи онҳо меояд.

  2. Воситаҳои асосии грамматикии робитаи ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла пайвандакҳо, калима ва таркибҳост, ки ба ин вазифа меоянд, интонация, калимаҳои нисбӣ, мутобиқати шаклҳои феълӣ ва ҷобаҷогузории ҷумлаҳо мебошанд. Дар алоқамандшавии сарҷумла ва ҷумлаи пайрав ҳамаи ин воситаҳои грамматикӣ метавонанд баробар ба кор бурда шаванд, баъзан пайвандакҳо ва калимаҳои нисбӣ истифода

пешина
аз 109
навбатӣ