Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
намеёбанд, ки дар чунин ҷумлаҳо роли интонатсияи тобеъкунӣ ва мутобиқати шаклҳои феълӣ бузург аст.
Пайвандакҳо ҳамеша бо ҷумлаи пайрави сабаб меоянд, ки ин хусусияти тобеъшавии онро далолат мекунад. Пайвандакҳо на танҳо воситаи робита, балки нишондиҳандаи муносибати ҷумлаҳо низ мебошанд. Аммо ҳамаи ҷумлаҳои пайравро аз мавқеи пайвандак истода муайян кардан мумкин нест, дар айни замон мазмуни ҷумлаҳо ва шаклҳои сиғаи феълии онҳоро ба инобат гирифтан лозим аст, чунки на ҳамаи пайвандакҳо хоси сабаб мебошанд, як гурӯҳи онҳо муштараквазифаанд.
Тарзи истеъмоли пайвандакҳо ва калимаҳои нисбӣ гуногун буда, дараҷаи тобеияти ҷумлаи пайрав ба он вобаста аст: Агар калимаҳои нисбӣ дар таркиби сарҷумла омада бошанд ва ё ҷумлаи пайрав дар байни аъзоёни сарҷумла омада бошад, тобеияти ҷумлаи пайрав зиёдтар мегардад ва изоҳталабии сарҷумла равшантар ҳис карда мешавад.
- Ибора ва ҷумла бо хусусиятҳои хоси грамматикии худ аз ҳам фарқи куллӣ дошта бошанд ҳам, бисёри ҷумлаҳои пайрави сабаб аз ҷиҳати вазифаи синтаксисиашон ба ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол хеле наздик буда, синоними якдигар ба ҳисоб мераванд. Аммо маънои ҷумлаи пайравро бо ҳамаи нозукӣ ва тобишҳои маъноиаш ифода намудан аз доираи вазифаи ибора берун мемонад ва ҳамаи ҷумлаҳои пайравро бо ин ва ё он аъзои сарҷумла як донистан яктарафа мебуд.
Ҷумла дар асоси қоида ва қонунҳои грамматикии забон ташаккул ёфта, ҳамчун воҳиди асосии забон воситаи муҳимми ба шакл даромадани фикр ва мубодилаи афкор мебошад. Таҳқиқ ва тадқиқи ҳар як намуди он дар илми забоншиносӣ ба аҳамияти назариявӣ ва амалӣ молик аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё