Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ба ҷумлаҳои пайрав тобишҳои зиёди маъноӣ бахшидаанд, ҷумлаҳои пайраве, ки амали онҳо замони ояндаро нишон медиҳанд, бо ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол синоним ҳисоб намеёбанд ва онҳоро ба ибора табдил додан аз имкон берун аст.

ХОТИМА

  1. Ҷумлаи мураккаб ду ва ё зиёда ҷумлаҳои соддаро дар бар мегирад, вале ҳиссаҳои ҷумлаҳои мураккабро бо ҷумлаҳои соддаи мустақил як донистан мумкин нест; онҳо агарчи ба якдигар умумият дошта бошанд ҳам, бо баъзе хусусиятҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Умумияти ҳиссаи ҷумлаи мураккаб ва ҷумлаи содда асосан аз ҷиҳати таркиб мебошад, чӣ ҳиссаи ҷумлаи мураккаб ва чӣ ҷумлаи содда метавонад, дутаркиба ва ё яктаркиба бошад, дар таркиби онҳо сараъзоҳо ва аъзоҳои пайрави ҷумла як хел воқеъ мегарданд. Аммо ин хусусият айни якдигар будани онҳоро далолат намекунад, онҳо аз ҳам тафовути куллӣ доранд. Ин тафовутру интонатсияи ҷумла равшан нишон медиҳад; ҷумлаи содда дорои интонатсияи хотимавӣ мебошад, ки он ба ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб хос нест; ҷумлаи мураккаб танҳо як интонатсияи хотимавӣ дорад, ки бо он ҷумла ба поён мерасад. Ҳатто сарҷумлаи ҷумлаи мураккаби тобеъ аз интонатсияи хотимавӣ фориғ аст, бинобар ин онро ҳамчун ҷумлаи соддаи мустақил ба қалам додан яктарафа буда, бартарии сарҷумла аз ҷумлаи пайрав он аст, ки вай хусусияти тобеъкунӣ дорад.

Таҳқиқ ва тадқиқ намудани хусусиятҳои ҷумлаи пайрав танҳо дар ягонагии он бо сарҷумла имконпазир мегардад, зеро ҳастии ҷумлаи мураккаб ба ин ҳар ду вобаста аст ва муайян намудани муносибати ҷумлаи пайрав ва сарҷумла масъалаи асосист дар тадқиқи ҷумлаи мураккаби тобеъ.

Ҷумлаи пайрави сабаб метавонад тамоми сарҷумларо эзоҳ диҳад ва ё ягон аъзои онро, вале аксарияти онҳо ба хабари сарҷумла тобеъ буда, амал ва ҳолати воқеъ гардидани онро эзоҳ медиҳанд.

  1. Ҷумлаҳои пайрави сабаб аз ҷиҳати вазифа, муносибати он бо сарҷумла ва мавқеи истеъмолиашон ба ду гурӯҳи калон: эзоҳу исботкунӣ ва сабабнатиҷа ҷудо мешаванд.

Ҷумлаи пайрави сабаби эзоҳӣ зарурияти воқеъ гардидани фикри дар сарҷумла гуфташуда, ҳолати воқеъ гардидани амали онро чӣ ба таври умумӣ ва чӣ ба таври конкрет,

пешина
аз 109
навбатӣ