Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
вазифаи синтаксисиашон синоними бисёри ҷумлаҳои пайрав мебошанд. Ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол синонимҳои ҷумлаи пайрави сабаб буда, бисёрини онҳоро иваз карда метавонанд.
Барои дар шакли ибораи масдарӣ воқеъ гардидани ҷумлаҳои пайрави сабаб пешояндҳои зиёди таркибӣ ва аслӣ ёрӣ мерасонанд; барои нишон додани давомнокии амал воситаҳои лексикӣ ва грамматикӣ истеъмол ёфта метавонанд, чунки амали ибора дар шакли масдар чунин категорияҳоро ифода карда наметавонад. Агар хабари ҷумлаи пайрав номӣ бошад, ибора феълҳои ёридиҳандаро (бештар будан, шудан, доштан, кардан, намудан) дар шакли ғайритасрифӣ қабул менамояд, баъзе ибораҳо бе қисми масдар низ воқеъ мегарданд.
Доираи истеъмолии ибораи синонимии феъли ҳол нисбат ба ибораи синонимии масдарӣ хеле маҳдуд мебошад. Ба ибораи феъли ҳол ҷумлаҳои пайраве синоним ҳисоб мебанданд ва ба он иваз мешаванд, ки бо сарҷумла ҳар ду як мубтадо дошта бошанд, ҷумлаи пайрав пеш аз сарҷумла ва амали он пеш аз амали сарҷумла воқеъ гардида бошад, ҷумлаи пайраву сарҷумла дар муносибати сабаб-натиҷа бошанд. Дар ибораи феъли ҳол ҳеҷ гуна воситаи ёридиҳанда намеояд, амали он дар шакли феъли ҳол (бо суффикси -а) меояд ва пеш аз амали асосӣ воқеъ мегардад.
Мубтадои ҷумлаи пайрав дар ибораи масдарӣ ҳамчун субъекти амал ва бандакҷонишинҳо меояд, дар ибораи феъли ҳол вай мубтадои ҷумлаи асосӣ буда, ба ибора низ мансуб аст. Бинобар ин категорияи шахсу шумораро дар ибораи масдарӣ ба воситаи субъекти амал ва дар ибораи феъли ҳол ба воситаи амали асосӣ муайян кардан мумкин аст.
Аммо на ҳамаи ҷумлаҳои пайрави сабаб бо ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол синоним ҳисоб меёбанд, чунки мис-ли пайвандак, замон ва сиғаҳо воситаҳои зиёди грамматикие ҳастанд, ки барои барҷаста ва бо ҳамаи тобишҳояш ифода намудани ин ва ё он мазмун имконият медиҳанд, ибора бо-шанд, аз чунин воситаҳои грамматикӣ фориғ аст. Ҷумлаҳои пайраве, ки бо зарбулмасалу мақол ифода ёфтаанд, ҷумлаҳои пайраве, ки барои исботи фикри сарҷумла чун далел хизмат мекунанд, ҷумлаҳои пайрави саволӣ, ки сабаби воқеъ гардидани амали сарҷумларо одатан ба таври муҳокима ифода менамоянд, ҷумлаҳои пайраве, ки дар таркиби онҳо ҳиссаҷа, калима ва таркибу таъбирҳои модалӣ омада

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё