Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

(С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 267). Ин ду бародар кал буда, саллаашонро ба гарданашон мепечонанд.

«Ибораҳои феълии ҳол маънои мустақиқли замоий надоранд, вале вобаста ба замони феълии асосӣ вай замонро ифода мекунад». Замони ин гуна ибораҳо ба замони хабари асосӣ асосан мувофиқат намекунад; дар онҳо аввал воқеаи сабабӣ ва пас аз он натиҷавӣ рӯй медиҳад. Аз ин ҷост, ки амали ибораи сабабӣ ҳама вақт пеш аз амали ҷумлаи асосӣ, ки натиҷаи диалектикии дар шакли грамматикӣ воқеъ гардидаи он мебошад, рӯй медиҳад.

Ибораи феълии ҳол шахс ва шумораро ифода намекунад ва бар хилофи ибораҳои синонимии масдарӣ бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибиро ҳам қабул намекунад. Бинобар ин ба кадом шахс тааллуқ доштан ва амалиёти танҳо ва ё ҷамъ будани онро аз хабари ҷумлаи асосӣ ва субъекти худи ибора таъин кардан мумкин аст:

Вай, ки диндори сахт буд, дар мактаби кӯҳнаи динӣ хондани маро рӯйрост манъ кунад, аз «гунаҳгор» шудан метарсид (С. У., Субҳ, ҷав. мо, саҳ. 195). Вай диндори сахт буда, ... аз «гунаҳгор» шудан метарсид.

Дар вақти ба ибораи феълии ҳол иваз намудани ҷумлаи пайрави сабаб тағйироти калоне рӯй намедиҳад, танҳо пайвандак меафтад ва хабари ҷумлаи пайрав дар шакли феъли ҳол меояд, агар хабари ҷумлаи пайрав номӣ бошад, ёридиҳандаи феълӣ дар шакли феъли ҳол зоҳир мегардад.

Дар забони адабии тоҷик ҳам ибораҳо ва ҳам ҷумлаҳои пайрав ба таври мувозӣ истеъмол меёбанд, ҳатто ин ҳар ду воҳиди синтаксисӣ метавонанд дар таркиби як ҷумла оянд. Ин гуна ҳолат бештар дар ҷумлаҳои мураккаби сертаркиба вомехӯрад, ки ин тарзи истеъмол мувофиқи қоидаҳои грамматикӣ ба амал омада, ба забон ва тарзи баён як соддагии дилпазир мебахшад ва боиси барҷаста ифода гарлидани фикр мешавад. Мисол: Ғайр аз Арбоб Қамол, ки ба сабаби канда шудани ришаш худро бемор сохта ба берун намебаромад ва Шоҳназар, ки ба сабаби шикояти духтар аз домод дилмонда шуда буд, ҳамаи аҳли деҳа калону хурд «Чӣ гап, чӣ гап» гуфта ба пеши ҳавлии Амонбоқӣ ғун шуданд (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 320).


Ибора ва ҷумла воҳидҳои синтаксисие мебошанд, ки аз
ҳамдигар ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Бо вуҷуди ин ибораҳои масдарӣ, феъли ҳол ва сифати феълӣ аз ҷиҳати иҷрои

пешина
аз 109
навбатӣ