Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Акаам ба ин савол ҷавоб ёфта натавониста суп-сурх шуд.
Ҷумлаи пайраве, ки ба ибораи феълии ҳол ҳамвазифа буда, бо сарҷумла дар ягонагии мубтадо мебошад, дар вақти ба ибора баргаштан ба хабари чидаи тафсилӣ шабоҳат дорад: Дар ошхона будагон ба сӯҳбат ва ханда дода шуда..
аз омадани он зан бехабар монданд.
Чӣ хеле ки аз ин мисол аён шуд, ибораи феълии ҳол ба хабари чидаи тафсилӣ монанд аст, чунки «Хабарҳо чида мешаванд, ба шарте ки ҳамаи онҳо ба як мубтадо ё ки ба гурӯҳи мубтадоҳои чида мансуб бошанд ва ба якдигар ба воситаи пайвандакҳои пайвасткунанда ё ки паузаи пайвасткунанда алоқаманд шуда бошанд».
Аммо ба як мубтадо тааллуқ доштани танҳо яке аз шартҳои чида шудани хабарҳо мебошад. Дар ибораҳои феълии синоними ҷумлаҳои пайрави сабаб истисно будани пайвандак ва паузаи пайвасткунанда фарқи куллии онро аз хабари чида, ки ба ин хусусиятҳо молик аст, нишон медиҳад. Зиёда аз ин вазифаи синтаксисии ибораи синонимии ҷумлаи пайрави сабаб аз вазифаи синтаксисии хабари чида фарқи калоне дорад. Ибораи синонимии феъли ҳол сабаби ба амал омадан, дар кадом ҳолат воқеъ гардидани амали ҷумлаи асосиро шарҳ медиҳад ва ҳатто фикри дар он ҷумла тасдиқ ва инкор кардашударо бо далелҳо исбот менамояд.
Қайд кардан лозим аст, ки агар яке аз хабарҳои чида дар ҷумлаҳо истифода карда нашавад, ба маънии ҷумла ҳеҷ таъсире намерасад ва мазмун низ тағйир намеёбад ва ҷумла дар назар ноқис наменамояд, қатъи назар аз он ки онҳо дар шакли тасрифшаванда чида шудаанд ва ё дар шакли ғайритасрифӣ. Аммо ин даъворо нисбат ба ибораи феъли ҳоли синоними ҷумлаи пайрав кардан мумкин нест, чунки ҳастии ҷумлаи асосӣ ба он ибора вобаста аст ва беон нокису эзоҳталаб шуда мемонад:
-
Шодигул ба хона даромада, чизҳои дида ва шунидаашор як-як ҳикоя кард (С. У., Навобод). Шодигул ба хона даромад. Ё ки Шодигул чизҳои дида ва шунидаашро якяк ҳикоя кард.
-
Вай, ки нахустфарзанд буда, эрка калон шуда буд, талаб мекард, ки бароиш ҳама вақт гузашт кунанд ва ҳамаи нозҳояшро бардоранд. Вай эрка калон шуда, талаб мекард, ки бароиш ҳама вақт гузашт кунанд ва ҳамаи нозҳояшро бардоранд. Азбаски ин ду бародар кал ҳастанд, саллаашонро ба гарданашон мепечонанд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё