Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Ҳамаи ҷумлаҳои пайрави сабаб бо ибораҳои феъли ҳол синоним шуда наметавонанд: ба ибораи феъли ҳол ҳамон ҷумлаҳои пайрав иваз шуда метавонанд, ки бо хусусиятҳои хоси грамматикии худ аз дигар ҷумлаҳои пайрави сабаб фарқ мекунанд. Хусусиятҳои хоси ҷумлаҳои пайраве, ки ба ибораи феъли ҳол синониманд:
-
Яке аз ин хусусиятҳои грамматикӣ, ки барои ба ибораи феъли ҳол табдил ёфтани ҷумлаи пайрави сабаб имконият медиҳад, дорои як мубтадо будани ҳар ду ҳиссаи ҷумлаи мураккаби тобеъ: ҳам ҷумлаи пайрав ва ҳам сарҷумла мебошад.
-
Амали ҷумлаи пайрав дар кадом замон ки набошад, пеш аз амали сарҷумла воқеъ мегардад. Агар ҳар ду ҷумла дар як шаклу дар як замон омада бошанд ҳам, амали ҷумлаи пайрав мазмунан аввал воқеъ гардиданашро нишон медиҳад ва ин хусусият дар вақти ба ибораи феъли ҳол иваз шудани ҷумлаи пайрав равшан зоҳир мешавад, чунки «Ин шакл ҳамчун ҳолшарҳкунанда амал ва ҳолати пеш аз амали асосӣ воқеъ гардидаро ифода менамояд»5:
Рустам аз кирдори вай пушаймон шуда, аз ақиби вай давон-давон ба хонааш омад, ки мабодо хафа шуда, ба ҳавлии падараш рафта намонад (Р. Ҷ., Од. ҷов., к. 1, саҳ. 6).
Бе сабаб нест, ки аксар вақт агар амали сарҷумла замони гузаштаро нишон диҳад, феъли ҷумлаи пайрав дар шакли замони гузаштаи дур меояд:
Асо, ки дар зери бори машки пуроб андак хам шуда буд, сараш таг, ба ҳеҷ ҷо нигоҳ накарда, рост ба ошхона рафт (Р. Ҷ., Дух. от.). Асо дар зери бори машки пуроб андак хам шуда, сараш таг, ба ҳеҷ ҷо нигоҳ накарда, рост ба ошхона рафт.
Ҳатто хабари ҷумлаи пайрав дар шакли замони муайян гузаштаи дурро нишон медиҳад:
Ёдгор, ки мазмуни коғаз ва гуфтугузори ясавулбошӣ ва тӯпчибоширо аз таркиши дари обхона шунида истода буд, яқин кард, ки имрӯзҳо рӯзҳои вопасини амир ва одамони ӯст. Ёдгор мазмуни коғаз ва гуфтугузори ясавулбошӣ ва тӯпчибоширо аз таркиши дари обхона шунида истода, яқин кард, ки имрӯзҳо рӯзҳои вопасини амир ва одамони ӯст.
- Сарҷумла натиҷаи ҷумлаи пайрав буда, сабаби воқеъ гардидан ва ё воқеъ нагардидани он ба ҷумлаи пайрав вобаста аст. Сабабгори ба амал омадани сарҷумла метавонад дар шакли ҷумла зоҳир гардад, метавонад дар шакли ибора:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё