Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Дар забони адабии тоҷик чида шуда омадани ибораҳои масдари чун синоними ҷумлаҳои пайрави чидаи сабаб характернок аст. Дар чунин ҳолатҳо бо ҳар як ибора омадани пешоянд шарт нест. Такрор омадани вай танҳо дар сурате зарурият пайдо мекунад, ки хусусияти сабабии онҳо бо мақсадҳои услубӣ истифода шуда бошад:

Шавҳаронеро медонам, ки дар натиҷаи вайронии ахлоқашон, дар натиҷаи қафомонии худашон ба ҳар тараф медаванд, ҳаёти покизаи оилавии худро чиркин мекунанд, занҳоро зӯран бева, бачаҳоро қасдан бепадар мегардонанд.

Аммо бештарини ибораҳои масдарии чида бо як пешоянд меоянд, ки вай бо ибораи аввал ояд ҳам, ба ҳамаи ибораҳои чида тааллуқ дорад:

Аз миллатҳои дигар ё бинобар надонистани расму таомули ин гуруҳи ҷонсабил, ё кор карда натавонистан баробари онҳо касе дар артель дида намешуд.

Барои ба ибораи масдарӣ табдил додани ҷумлаи пайрави сабаб пайвандакҳои тобеъкунанда мавқеи истеъмолии худро гум мекунанд, вазифаи онҳо алоқаманд кунонидани ҷумлаи пайрав бо сарҷумла буда, дар ҷумлаи содда ба иҷрои чунин вазифа эҳтиёҷе намемонад. Ин хусусият ба ҳамаи пайвандакҳои тобеъкунанда як хел мансуб аст. Аммо агар ҷумлаи пайрав ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои таркибии номӣ алоқа пайдо карда бошад, дар вақти ба ибораи масдарӣ иваз намудан як қисми онҳо афтанд ҳам, як қисми ҳиссаи номии онҳо чун пешоянд ва барои дар он ибора нигоҳ доштани мазмуни сабабии ҷумлаи пайрав истифода меёбад: Аммо дар чеҳраашон аломати як навъ хотирпарешонӣ ҳувайдо буд, ба сабаби он ки, ҳар чӣ ҳам бошад, Нуралӣ дар ин вақти дер ба хонаи онҳо омад. Аммо, ҳар чӣ ҳам бошад, ба сабаби дар ин вақти дер ба хонаи онҳо омадани Нуралӣ дар чеҳраашон аломати як навъ хотирпарешонӣ ҳувайдо буд.

ИБОРАИ ФЕЪЛИ ҲОЛ — СИНОНИМИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ

Ибораҳои феъли ҳол вазифаҳои мухталифро иҷро менамоянд. Яке аз ин вазифаҳо ба ҷои ҷумлаи пайрав истеъмол ёфтани онҳост. Таносуби истеъмолии ибораи феъли ҳол ҳам, чун синоними ҷумлаи пайрави сабаб нисбат ба ибораи масдарӣ маҳдуд мебошад.

пешина
аз 109
навбатӣ