Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
надонистани кулакони серзамин ин ҷо роҳ шуда монда буд, вагарна роҳи қадими ана он роҳи калон аст, ки аз он сӯи рӯд меравад... бо ғарк шудани ду биржа ҳаммол иҷолатан аз Боку дигар ҳаммоле набаромада буд. Истад аз рафтани хуни бисёре тамом шуда монда буд, дармон надошт.
Пешоянди барои асосан баҳри ташаккулёбии ибораи масдарии ҳоли мақсад истеъмол меёбад, вале кам бошад ҳам, дар ибораҳои ҳоли сабаб мушоҳида карда мешавад:
Ӯро барои ба корпартоии коргарони заводи хишт роҳбарӣ карда, дар байни мардум адабиёти инқилобӣ паҳн карданаш ҳабс карда буданд.
Дар забони адабии тоҷик баъзан пешоянди таркибӣ «дар натиҷаи» вомехӯрад, ки вай танҳо ба як тип ибораҳои сабаб мансуб аст. Вай бо ибораи синоними ҷумлаи пайраве меояд, ки боиси ба амал омадани воқеа, ҳодисае шудааст:
Дар натиҷаи муттаҳид шудани колхозҳо бисту як кас ё, чуноне ки Ҳошим Корпоп ҳазл карда мегуфт, бисту як «ошӯри ҷомадаррон» кам шуд: ду раис, ду мудири фермаҳои чорводорӣ, ду ҳисобчӣ, панҷ табелчӣ, ду мудири хоҷагӣ, ду чӯпон, ду анборчӣ, ду аспбон-сапс, ду дӯкондори дӯконҳои сабзавотфурӯшии колхозҳо дар маркази ноҳия. Вақте ки калон шуд, падарам ҳамаи кори деҳкониро ба вай супурд, дар натиҷаи саъю кӯшиши вай заминҳои падарам ҳосили фаровон медодагӣ шуд. Аммо ҳамсӯҳбати вай дар натиҷаи аллагӯии кампир хоб карда монд магар, ки овозаш дигар набаромад. Ӯ дар вақти хурдсолиаш аз дарахт ғалтида як пояш шикаста будааст ва дар натиҷаи нодуруст бастани шикастабанд пои чапаш аз пои росташ ду ангушт кӯтоҳ шуда монда буд.
Аммо таносуби истеъмолии «дар натиҷаи» хеле маҳдуд буда, ба вазифаи он аксар вақт дигар пешояндҳо меоянд.
Агар ибораҳои масдарӣ чида шуда оянд, барои аз такрор худдорӣ кардан ва равонии тарзи баён ду ва зиёда пешояндҳо истеъмол меёбанд. Дар мисоли зерин як ибора бо пешоянди ба сабаби ва дигаре бо пешоянди дар натиҷаи омадааст:
Дар натиҷаи бисёр чиз хӯрдан ва дар муддати кам хӯроки муддати дарозро хӯрдан ва хусусан ба сабаби зардолуро аз ҳад зиёд хӯрдан ҳамон шаб бемор шудам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё