Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
-
Боғи чӯидӯлонагии мо ба сабаби дуриаш ҳанӯз ҳам обод карда нашуда буд, бинобар ин мо он тобистон дар боғи як нафар боғи гавси соянишин шуда будем, ки аз ҳавлии деҳагии мо он қадар дур набуд.
-
Ба сабаби маҳрум монданатон аз ин тамошои муфти табиӣ, албатта, ғамгин мешавед, лекин дилтангӣ намекунед.
Воситаҳои асосии грамматикии ба ибораи маздарӣ иваз намудани ҷумлаи пайрави сабаб инҳо мебошанд: пешояндҳо, шакли маздарии феъл ва ҷобаҷошавии аъзоҳои ҷумлаи пайрав дар дохили ибора, ҷойгиршавии ибора дар таркиби ҷумлаи содда.
Пешояндҳое, ки барои ба ибораи маздарӣ иваз намудани ҷумлаи пайрави сабаб қодиранд, асосан аз ҳаминҳо иборатанд: ба сабаби, аз сабаби, бо сабаби, бинобар, барои, аз барои, аз, бо, ба, дар натиҷаи. Дараҷа ва мавқеи истеъмолии ин пешояндҳо дар ташаккулёбии ибора ва ифодаи маъмуни сабабӣ як хел нест. Дар ибораҳои сабабӣ пешояндҳои таркибие, ки аз пешояндҳои аслӣ: аз, ба, бо ва исми сабаб таркиб ёфтаанд, аз ҳама бисёртар кор фармуда мешаванд. Мазмуни сабабии чунин ибораҳои синонимӣ равшан ва барҷаста зоҳир мегардад:
-
Дар ҳақиқат ба Одина ба сабаби шиносо баромаданаш ба Шариф як хурсандӣ ва як хушвақтин аз одат берун рӯй дода буд.
-
Чун бо сабаби он лӯнда ҳезум пушташ баландтар истода вазни он ба сари бозупонаш он қадар зӯр намеовард, хурсанд шуда гуфт: — Аз они ман зиёда боз шудааст (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 280).
Калимаи бинобар дар ташаккулёбии ибораҳои маздарии синоними ҷумлаи пайрави сабаб ҳамчун пешоянд хеле серистеъмол аст:
Ҷаллодон бинобар бисёрии кори он рӯз кардаашон хеле монда шуда хобидан хоҳанд ҳам, ба бедорнишинӣ маҷбур буданд (С. Л., Кул., ҷ. I, саҳ. 116). Сардори полис занонро ба ҳабси ҳафтрӯза ҳукм карда, Пирзодаро бинобар раияи Бухоро буданаш ба ихтиёри тӯксабони Когон, ки намояндаи ҳукумати Бухоро аст, фиристодааст (С. А., Кул., ҷ. I, саҳ. 168). Ин колхозчӣ пештар анборчӣ буда, ҳоло бинобар одат накарданаш решаҳои баъзе ниҳолҳоро меканд (С. У., Навобод, саҳ. 311).
Маънои сабабӣ дар ибораҳое, ки бо пешояндҳои аслӣ (аз, ба, бо) омадаанд, як андоза суст аст: Аз қадри заминро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё