Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

эҳтимол хеле дур аст, зеро, илова мекунанд онҳо, ба сабаби дар паси дар будани зимистон имсол ҳам ях бастани ғайрати калоншавандагони комиҷроияи райони Марказӣ ба эҳтимол басо наздик аст.

— Мо, — гуфт Содиқ, — порсол ҷон холии заминҳои холилибехбаромадаро бо каланд кишта хатои бисёр калон кардем, зеро пахтаҳои бо каланд кишташуда аз ҷиҳати бегоҳӣ буданашон ҳосили дуруст надодаанд ва инчунин пахтаҳои дар паҳлуяшон будаи барвақтиро ҳам нагузаштанд, ки паҳлу зада, шох партофта кӯрак банданд (С. Л., Кул., Ҷ. III, саҳ. 557).

Маълум аст, ки масдар умуман шахсу шумораро ифода намекунад, аммо ибораи масдарии синонимии ҷумлаи пайрави сабаб хусусиятҳои грамматикии ба худ хоси ифодакунандаи шахсу шумора дорад. Чунин хусусияти ибораи масдарӣ иборат аз он аст, ки дар вай, чи хеле ки дар боло қайд ёфт, мубтадо бо бандаки изофӣ ба вай вобаста мешавад ва дар айни замон иҷрокунандаи амали масдарии худро пурра ва равшан нигоҳ медорад. Ин аст яке аз воситаҳои ифодаи шумора дар ибораи масдарӣ.

  1. — Мо дар ин ҷанг зӯр мебароем, — гуфт бандии хатирчигӣ бо оҳанги қатъӣ қадре оташин шуда, инқилобчиён дар ин ҷанг хуб ҳозирӣ дида, нағз мусаллаҳ шудаанд (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 312).

Бинобар дар ин ҷанг хуб ҳозирӣ дида, нағз мусаллаҳ шудани инқилобчиён мо дар ин ҷанг зӯр мебароем.

  1. Бой, ки ба тарафи Қаршӣ сафар карда буд, ҳавлии берун хомуш ва ором менустод (Ҷ. И., Духт, от. саҳ 21). Аз сабаби ба тарафи Қаршӣ сафар кардани бой ҳавлии берун хомуш ва ором менустод.

Воситаи дигари ифодакунандаи категорияи шумора дар ибораҳои синонимии масдарин ҷумлаҳои пайрави сабаб бандакҷонишинҳои соҳибӣ мебошанд, агар бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ бо исмҳо омада, соҳибиятро ба шахс нисбат диҳанд, дар ибораи масдарӣ соҳибиятро нисбат ба амал ифода мекунанд:

  1. Ман бисту панҷ сол боз, ки гуреза шуда гаштам, по-ми худро пинҳон карда, ба сабаби бештарин дар тарафҳои Хатирчӣ гаштанам ба худ Хатирчигӣ лақаб дода гашта бу-дам (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 316).
пешина
аз 109
навбатӣ