Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

бинобар ин ибораҳои масдарӣ аз он таъкид ва тобишҳои ҷумлаи пайрав фориғ мешавад. Аз ин рӯ, ибораҳои масдариро бо чунин ҷумлаҳои пайрав синоним донистан мумкин нест:

— Як сол хона шин, дам гир, охир саломатиат суст-ку («Тоҷ. сов.», 10 марти 1953). Ин ҳол ба Юнусбой далерӣ бахшид: охир ғайр аз вай дигар одами раисбоб нест (С. У., Навобод саҳ. 163).

Агар хабари ҷумлаи пайрав аз феъли модалии хостан ифода ёфта бошад, одатан дар таркиби ҷумлаи пайрав ибораҳои масдарӣ истеъмол меёбанд, ки онро пурра мекунанд. Чунин ҷумлаҳои пайрав низ ба ибораи масдарӣ табдил намеёбанд: Модом ки вай бо ту будан мехоҳад, ту бояд дар наздаш бошӣ (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 120). Азбаски ба сар шудани конҳои кашфшуда ҳоло хеле вақт ҳасту ин кас махсусан коргари кон шудан мехоҳанд, мо машварат додем, ки деҳқониро давом диҳанд, шумо ба ин чӣ мегӯед, рафиқ Пӯлод (Р. Ҷ., Од. ҷов., к. III, саҳ. 188).

Ибораҳои масдарӣ маънои ҷумлаҳои пайраверо, ки бо ҷумлаи саволӣ ифода гардида, фикри дар сарҷумла гуфташударо ба таври муҳокима эзоҳ медиҳанд ва ё исбот мекунанд, ифода карда наметавонанд.

Мисол: Маро мебахшед, ку, ака, лекин ман ба шумо ҳам ҳайрон ҳастам: барои чӣ дар ҳаққи ин бекорхӯҷа дам назада мегардед? (С. У., Навобод, саҳ. 114). Имрӯз вай саҳл хафа шуда буд ва худро сарзаниш мекард, ки чаро ба гапи ин парторги беқарор даромада, ба ҷои он ки тезтар осиё ва обҷувозро сохта тамом кунад, аз паи колхозъяккунӣ овора шуда, хеле вақти гаронбаҳоро аз даст дод (С. У., Навобод, саҳ. 143).

Чӣ хеле ки дар боби якум хотирнишон кардем, дар забони адабии тоҷик бар эзоҳи як ҷумлаи пайрави сабаб омадани ҷумлаи пайрави сабаби дигар мушоҳида карда мешавад. Дар чунин вақтҳо танҳо ҷумлаи пайрави дуюм ба ибора табдил меёбад.

Мисол: Ҳолдонҳо аз рӯи хандақҳои валангор ва кӯчаҳои шудгор кардашуда тахмин мекунанд, ки дар солу моҳи наздик ба кор даромадани қубурҳои водопровод аз эҳтимол хеле дур аст, зеро, илова мекунанд онҳо, азбаски зимистон дар паси дар аст, имсол ҳам ях бастани ғайрати калоншавандаҳои комиҷроияи райони Марказӣ ба эҳтимол басо наздик аст («Хорпуштак», № 11, 1962, саҳ. 3). ... дар солу моҳи наздик ба кор даромадани қубурҳои водопровод аз

пешина
аз 109
навбатӣ