Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
низ бардавомии амалро бе ягон воситаи лесикӣ нишон медиҳанд:
-
Мард, ки аз пагоҳ то бегоҳ кор карда, монда шуда масти шароби хоб буд, бо бедор кардани занаш бо як тарзи танбалона сарашро ба зӯр аз болишт бардошта, ба тарафи роҳгузар як чашм андохт (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 212).
Мард ба сабаби аз пагоҳ то бегоҳ кор карда, монда шуда масти шароби хоб буданаш ба бедор кардани занаш бо як тарзи танбалона сарашро ба зӯр аз болишт бардошта, ба тарафи роҳгузар як чашм андохт. -
Дар рӯи стол дастурхоне кушода, дар болои он нони ҷазадор ва дар лаълӣ ду сар ангури Тагобӣ, ҳафт-ҳашт дона шафтолуи калон-калони бинобар зард буданаш равғаки гов номидашаванда гузошта шуда буд (Р. Ҷ., Од.
ҷов., қ. II, саҳ. 93).
Бояд гуфт, ки на ҳамаи ҷумлаҳои пайрав синоними ибораи масдарӣ ҳисоб меёбанд. Ҷумлаҳои пайраве, ки барои исботи фикри дар сарҷумла гуфташуда истеъмол ёфтаанд, ба ибораи масдарӣ иваз намешаванд:
Модом ки вай аз Ғулом дар куҷо будани бойҳоро пурсидааст, ба умеди онҳост (Р. Ҷ., Од. ҷов., қ. II, саҳ. 68).
Модом ки ин одамон то алҳол фош карда нашудаанд, душманон дар ҳақиқат кордида, эҳтиёткоранд (Р. Ҷ., Од.
ҷов., қ. II саҳ. 211).
Ҷумлаи пайрави сабаб, ки хабари он бо феъли замони оянда ифода ёфтааст, ибораи синонимӣ надорад: Ман ғайр аз таслим чораи дигар надорам, зеро ако мас таслим нашавам, Фузайил ё Диловаршоҳ маро хоҳанд кушт (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 389).
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои пайрави сабабе низ ҳастанд, ки дар таркиби онҳо ҳиссаҷаҳои гуногун ва калимаҳои модалӣ омадаанд. Дар баъзеи чунин ҷумлаҳои пайрав он ҳиссаҷа ва калимаҳои модалӣ на ин ки ба яке аз аъзоҳо, балки ба мазмун ва мундариҷаи пурраи он тааллуқ доранд. Дар вақти ба ибора табдил додани ин гуна ҷумлаҳо хусусияти субъективии муносибати гӯянда нисбат ба фикри дар ҷумлаи пайрав ифодагардида суст мешавад ва ҳатто барҳам мехӯрад:
Нуралӣ дар он маҷлис аз ҷониби «Навобод» иштирок карда натавонист, зеро ки он рӯз вай бояд ба ноҳия ба семинари парторгҳо мерафт (С. У., Навобод, саҳ. 119).
Ҳиссаҷаҳо, умуман, ва ҳиссаҷос, ки дар охири ҷумлаи
пайрав омадаанд, махсусан, дар ибора истифода намеёбанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё