Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

дар ибораи масдари низ омада давомонокии амалро дар яке аз замонҳо нишон медиҳад:
...дар ҳамин вақт азбаски болои ин суҳбати балаззати ману туро пӯшонда истодаанд, аз инҳо миннатдорам (С. А., Кул., ҷ. 111, саҳ. 573). ...Дар ҳамин вақт бинобар болои ин суҳбати балаззати ману туро пӯшонда истоданашон аз инҳо миннатдорам.
Барои нигоҳ доштани давомнокӣ ва мӯлкаратии амал дар ибораи масдари воситаҳои лексикии забон низ мавқеи калон доранд. Калима, таркиб ва ибораҳои доим, ҳамеша, ҳамешагӣ, борҳо, якчанд бор, якчанд маротиба, ҳар дафъа ва амсоли инҳо таъинкунандаи чунин маънианд:
...канор ва замини ин ҷӯйча аз сангпораҳое бино ёфтаанд, ки ба сабаби шустушӯи ҳамешагии об монанди оина шаффоф шудаанд (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 8).
Баъзан барои таъин ва таъкид кардани давомнокӣ ва мӯлкаратии амали ҷумлаи пайрав ҳам воситаи лексикӣ ва ҳам воситаи морфологӣ дар як вақт кор фармуда мешаванд, давомнокӣ ва мӯлкаратиро дар ибораи масдарӣ танҳо ба воситаи яке аз онҳо, алалхусус бо ёрии воситаҳои лексикӣ, ифода карда мешавад:
Азбаски Мавҷигул бо шеърҳо, достонҳо ва таронаҳо суҳбати аҳли ӯрдаи ҳаммомро ҳамеша равнақ медод ва ба он мазлумаҳо андаке ҳам бошад, эҳсосоти шавқангезе мебахшид, дугонаҳо хостанд, ки вай аз байнашон наравад (Ҷ. И., Дуҳ. от., саҳ. 518). Аз сабаби бо шеърҳо, достонҳо ва таронаҳо суҳбати аҳли ӯрдаи ҳаммомро ҳамеша равнақ доданаш (ҳамеша равнақ дода истоданаш) ва ба он мазлумаҳо андаке ҳам бошад, эҳсосоти шавқангезе бахшиданаш дугонаҳо хостанд, ки Мавҷигул аз байнашон наравад.
Дар мисоли зерин мӯлкаратӣ дар замони гузаштаи нақлин, ҳикоягӣ низ нигоҳ дошта мешавад:
Мардум, ки якчанд бор ин гуна фиреб хӯрдаанд, дигар ба фарёди у хоби ширини худро ҳаром накардаанд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 412). Мардум ба сабаби якчанд бор ин гуна фиреб хӯрданашон дигар ба фарёди у хоби ширини худро ҳаром накардаанд.
Дар ин бора шоҳиди воқеа набудани нақлкунанда аз амали сарҷумла муайян гардад, такрори амали он бо як чанд бор ифода меёбад.
Дар забони адабии тоҷик мисли нишастан, истодан, хобидан, доштан, будан як гурӯҳ феълҳо баробари амалу ҳаракат ҳолат ва соҳибиятро ҳам ифода мекунанд; онҳо дар ибораҳу

пешина
аз 109
навбатӣ