Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ИБОРАИ МАСДАРӢ — СИНОНИМИ
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ

Маълум аст, ки масдар шакли тасрифнашавандаи феълист, ки амалу ҳолатро номбар карда, вале замон, шахсу шумора ва сиғаро ифода намекунад. Пас ин категорияҳои грамматикиро дар ибораи масдарии ҷумлаи пайрави сабаб чӣ гуна муайян кардан мумкин аст?

Ҷумлаи пайрави сабаб ба ҳамаи шаклҳои замони гузашта,
замони ҳозира-оянда, замони оянда ва замони ҳозираи муайяни сиғаи хабарӣ мансуб буда, онҳо дар вақти ба ибораи масдарӣ табдил додани ҷумлаи пайрав таъсир накарда наметавонанд. Ба ибораи масдарӣ иваз намудани ҷумлаи пайрав, ки замони гузаштаи ҳикоятиро далолат мекунад, ҷолиби диққат аст, чунки он бисёрқаратӣ ва бардавомии амалро низ нишон медиҳад, ки он ба воситаи пешванди «ме» ифода меёбад, ҳол он ки масдар онро қабул намекунад:

Инҳо дар тобистон танҳо барои соҳибонашон кор кунанд ҳам, дар вақти лойгарии зимистон ва баҳорон аз онҳо ҳамаи аҳолии деҳа фоида мебаранд, зеро дар лойгариҳои зӯр харҳо кор намеомаданд (С. А., Кул., ҷ. III). Инҳо дар тобистон танҳо барои соҳибонашон кор кунанд ҳам, аз сабаби дар лойгариҳои зӯр кор наомадани харҳо дар вақти лойгарии зимистон ва баҳорон аз онҳо ҳамаи аҳолии деҳа фоида мебаранд.

Дар ин мисол бисёрқаратию давомнокии амали масдарро ба воситаи сарҷумла муайян кардан мумкин аст. Баъзан барои дар ибораи масдарӣ нигоҳ доштани давомнокии амал ба ҷои пешванди «ме» феъли ёрӣдиҳандаи истодан дар шаклҳои гуногуни замони гузашта ва ҳозираи муайян истифода карда мешавад:

Лекин азбаски дар маҷлиси мо сухан дар бораи покон меравад, дар байни мо набояд ягон нопоке, ягон нохалафе бошад (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 505). Лекин дар маҷлиси мо ба сабаби дар бораи покон рафта истодани сухан дар байни мо набояд ягон нопоке, ягон нохалафе бошад.

Дар ин мисол ба кадом замон тааллуқ доштани амали масдарро ба воситаи амали сарҷумла, бардавомию мӯҳлаткаротии амали масдарро бошад, ҳам ба воситаи амали сарҷумла ва ҳам ба воситаи «истодан» муайян кардан мумкин аст.

Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки хабарашон аз шаклҳои гуногуни замони муайяни феъл ифода ёфтаанд, низ ба ибораҳои масдарӣ иваз мешаванд ва феъли ёрирасони истодан

пешина
аз 109
навбатӣ