Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

ваҳшии чорпо қабул наёфта буданд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 406).

Аммо, баръакс, агар ҷумлаи пайрави сабаб тафсилӣ бошад, хусусияти барандагӣ ва ҳамроҳкунии феъли он дар шакли ғайритасрифӣ ҳам боқӣ мемонад ва он равшан падидор мешавад:

Ӯ аз завод аз ҳамаи мардикорон ақиб баромад, чунки хӯҷаинҳо ба вай дар бораи кори фардоина супоришҳои бисёре дода буданд (Р., Ҷ. Од. ҷов. қ. 1, саҳ. 227). Ӯ аз сабаби ба вай дар бораи кори фардоина супоришҳои бисёре додани хӯҷаин аз завод аз ҳамаи мардикорон ақиб баромад.

  1. Босмачиён, ки дар даруни гӯри торик монда буданд, ба якдигарашон бархӯрда, ба кӯрпаҳо андармон шуда, ба деворҳо ва сандалӣ дакка хӯрда... бе фоида ин сӯ-он сӯ медавиданд (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 416). Босмачиён дар даруни гӯри торик монда, ба якдигарашон бархӯрда, ба кӯрпаҳо андармон шуда, ба деворҳо ва сандалӣ дакка хӯрда бефоида ин сӯ-он сӯ медавиданд.

Мубтадои ҷумлаи пайрав дар таркиби ибора як хел намеояд. Одатан мубтадои ҷумлаи пайрав дар ибораҳо ҳамчун субъекти амал воқеъ мешаванд.

Бой, ки аз зарби шатта сараш гаранг шуда буд, базӯр аз ҷояш хеста ва бо саргарангӣ боз пас ба замин ғалтида, ба нишебӣ ғелида рафта дар миёни кӯча дар даруни лой афтод (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 434).

Ба сабаби аз зарби шатта гаранг шудаки сараш бой базӯр аз ҷояш хеста...

Шаб, ки ниҳоят торик буд, ба дидани пеши по ҳатто имконият намедод (Ҷ. П., Шодӣ).

Шаб ниҳоят торик буда, ба дидани пеши по ҳатто имконият намедод.

Аммо агар мубтадои сарҷумла ва ҷумлаи пайрав як бошад, дар ибораи масдари субъекти амал дар шакли бандакҷонишинҳо омада, дар феъли ҳол субъекти амал ҳамон мубтадои ҷумлаи асосӣ мебошад:

Бой, ки сабаби ин хандаро нафаҳмида буд, ҳайрон-хайрон ба ҳар кас нигоҳ мекард (С. А., Кул., ҷ. III, саҳ. 496).

  1. Ба сабаби ин хандаро нафаҳмиданаш бой ҳайрон-ҳайрон ба ҳар кас нигоҳ мекард; 2) Бой сабаби ин хандаро нафаҳмида, ҳайрон-ҳайрон ба ҳар кас нигоҳ мекард.

Азбаски ибораҳои синонимии ҷумлаи пайрави сабаб ҳар кадом хусусиятҳои ба худ хоси грамматикӣ доранд, онҳоро алоҳида-алоҳида дида мебароем.

пешина
аз 109
навбатӣ