Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Аммо ба ҷон бандакҷонишинҳо дар вақти ба ибора табдил додани ҷумлаи пайрав феъли ёридиҳандаи «будан»
ҷоймо намеояд, баъзан ба ҷон он феъли ёридиҳандаи «доштан» меояд, ки вай хусусияти доимии субъекти амалро нишон медиҳад, феъли ёридиҳандаи «будан» бошад, аз ин хусусият фориғ аст:
Аммо ҳиҷрон, ки дар кунболаш умеди бисёр аст, ошиқи маҳҷурро хеле тасаллӣ мебахшад ва ба бардоштани машаққатҳо қувват медиҳад (С. А., Кул., ҷ. II, саҳ. 218—219).
- Аммо ҳиҷрон ба сабаби дар дунболаш доштани умеди бисёр ва ё 2) Аммо ҳиҷрон дар дунболаш умеди бисёр дошта, ошиқи маҳҷурро хеле тасаллӣ мебахшад ва ба бардоштани машаққатҳо қувват медиҳад.
Хабари баъзе ҷумлаҳои пайрав дар шакли таркиб ва ибораҳои фразеологӣ воқеъ мегардад, ки онҳо дар шакли ғайритасрифӣ маънои маҷозии худро баъзан гум намекунанд. Мисол: Юнусбой, ки ба ин навъ танқид чашм надошт, абрувони ғафсашро боло карда, сарашро ҷунбонда овоз баровард:
— Ана халос! Айбдор ман будам! (С. У., Навобод, саҳ. 54).
Ин ҷумлаи пайрави сабаб ба ибораи масдарӣ маҳз барои он иваз мешавад, ки таркиби чашм надоштан аслан чашмдор набудан аст ва маънои маҷозии он дар шакли масдар равшантар ифода меёбад:
Юнусбой бинобар ба ин навъ танқид чашмдор набуданаш абрувони ғафсашро боло кард, сарашро ҷунбонда овоз баровард:
-Ана халос! Айбдор ман будаам!
Аммо ин гуна ҷумлаҳо хеле кам буда, асосан ҷумлаҳои пайрави сабабе, ки бо зарбулмасалу мақолҳо ифода ёфтаанд, ба ибораҳои феълӣ табдил намеёбанд:
Аммо дигар ба гуфтан вай эҳтиёҷ набуд, зеро ҷое ки рӯен аст, ҳоҷат ба баён нест (С. У., Навобод, саҳ. 160). Нӯкидаи гиред, «об ки аз сар гузашт, чӣ як ваҷаб ва чӣ сад ваҷаб» (С. У., Навобод, саҳ. 234).
Ҷумлаҳои пайрави яктаркиба ва дутаркиба одатан хуллас ва тафсилӣ мешаванд. Агар ҷумлаи пайрав соддаи
хуллас бошад, дар вақти ба ибораҳои феълӣ табдил додани
он хусусияти барапдагӣ ва ҳамроҳкунии феъл норавшан
мемонад. Мисол: Барои сарбандсозӣ ҷои интихоб кардагиатон намешавад: хокаш суст (С. У., Навобод, саҳ. 148). Ин
ҳайвоноти ваҳшӣ бинобар ваҳшонияташон аз ҷамъияти инсонӣ ронда шуда бошанд ҳам, ба сабаби дупо буданашон
дар ҷамъияти гургон, шаголон, хирсон ва хукон барин ҳайпонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё