Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
ёридиҳандаи «будан» дар хабари номии ҷумлаи пайрави сабаб ду мавқеи истеъмолӣ дорад: дар замони гузаштаи дур ва замони ҳозира ба маънои «ҳастам» ва «мебошам».
Ба ин ду вазифа вай ба шакли масдар ва сифати феълӣ меояд:
- Оғаҷон Қаровулбегӣ, ки хизматгори хос ва одами наздики модари амир буд, фармонфармои ҳамаи корҳо, ҳамаи дастурҳо ва тартибот буд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 547).
- Оғаҷон Қаровулбегӣ бинобар хизматгори хос ва одами наздики модари амир буданаш ё 2) Қаровулбегӣ хизматгори
хос ва одами наздики модари амир буда, фармонфармои ҳамаи корҳо, ҳамаи дастурҳо ва тартибот буд. 2. Қушбегӣ гумон мекард, ки «бинобар ҷинояткори гузашта будани ман»
номи маро аз ҳама болотар навишта бошанд (С. А., Кул.,
Ҷ. I, саҳ. 64).
Аммо агар феъли ёридиҳандаи «будан» барои ифодаи замони гузаштаи дур дар таркиби хабари феълӣ омада бошад, дар вақти ба ибора табдил додани ҷумлаи пайрав истифода намеёбад, балки қисми асосии феълӣ дар ибораи масдари ба масдар иваз мешаваду дар ибораи дигаре бе тағьир мондан мегирад:
Мешҳо, ки рӯзона чордаҳ-понздаҳ соат ин биёбони бепоёнро сайр карда, чарида, серу монда шуда омада буданд, ба оромӣ ва осудагӣ мехобиданд (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 215). Мешҳо бинобар рӯзона чордаҳ-понздаҳ соат ин биёбони бепоёнро сайр карда, чарида, серу монда шуда омаданашон бо оромӣ ва осудагӣ мехобиданд. Босмачиён, ки саросема шуда буданд, чӣ кор карданашонро надониста милтиқҳояшонро ба тарафи даҳлез нигоҳ кунонда холӣ карданд (С. А., Кул., Ҷ. III, саҳ. 416).
- Босмачиён аз сабаби саросема шуданашон, ё 2) Босмачиён саросема шуда чӣ кор карданашонро надониста милтиқҳояшонро ба тарафи даҳлез нигоҳ карда холӣ карданд.
Дар вақти ба ибора иваз намудани ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки барои сурат гирифтани хабари номии онҳо бандакҳои хабарӣ (ам, ям, и, аст, см, ед, анд/янд) кор фармуда шуданд, ба ҷои бандакҳо феъли ёридиҳандаи «будан»
истифода карда мешавад, онҳо баъзан ба «будан» васл мешаванд:
...аз миршаб ҳам тарсидан лозим, чунки миршаб ҳам фиребгар, ҳам золим, ҳам зӯровар аст (Ҷ. И., Дух. от., саҳ.
21). Аз сабаби ҳам фиребгар, ҳам золим, ҳам зӯровар буданаш аз миршаб ҳам тарсидан лозим.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё