Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
пайвандакҳои азбаски, ба сабаби он ки, бинобар ин ки кам меоянд:
Он бурӯё, азбаски пушти маҷруҳи даҳҳо чӯбхӯрдагонро дидааст, мисли тахтаи қассоби пур аз парчаҳои хун ва гӯшти хушкида буд (С. А., Кул., ҷ. Ҷ, саҳ. 84).
- Он бурӯё ба сабаби пушти маҷруҳи даҳҳо чӯб хӯрдагонро диданаш ва ё 2) Он бурӯё пушти маҷруҳи даҳҳо чӯб хӯрдагонро дида, мисли тахтаи қассоби пур аз парчаҳои хун ва гӯшти хушкида буд.
Азбаски ибораҳо синоними аксарияти ҷумлаҳои пайрав ба ҳисоб мераванд, ҷумлаҳои пайрави сабаб, чида ва ҳархела ҳам ба ибора иваз мешаванд:
-
Зотан пурсидан ҳам фоида надошт, зеро касе набуд, ки ба хоҳиши саводомӯзии ман ҳаводорӣ кунад (С. А., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 197). Аз сабаби набудани каси ба хоҳиши саводомӯзии ман ҳаводорикунанда зотан пурсидан ҳам фоида надошт.
-
Хусусан баъди харидани ҳар мо ба аҳволи бад мондем, зеро чизу чораи мо ғорат шуда ва пули падарам ҳам кам монда буд (С. У., Субҳ. ҷав. мо, саҳ. 138). Бинобар ғорат шудани чизу чораи мо ва кам мондани пули падарам хусусан баъди харидани ҳар мо ба аҳволи бад мондем.
-
Дар вақти сар шудани таҳсили соли 1919-1920 шӯъбаи маориф бинобар камии муаллими таҷрибадор маро аз хизмати маориф тамоман озод накарда ва дар се мактаб инспектор таъин кард (С. А., Кул., ҷ. Ҷ, саҳ. 91).
Дар забони адабии тоҷик бар эзоҳи як ҷумлаи пайрави сабаб омадани дигар ҷумлаи пайрави сабаб низ мушоҳида карда мешавад, ки баъзан яке аз онҳо дар шакли ибора меояд:
— Мо, — гуфт Содиқ, — порсол ҷои холии заминҳои холибеҳбаромадаро бо каланд кишта хатои бисёр калон кардем, зеро пахтаи бо каланд кишташуда аз ҷиҳати бегоҳӣ буданашон ҳосили дуруст надоданд (С. А., Кул., ҷ. ҶҶҶ, саҳ. 587).
Баъзе ибораҳои феълии синоними ҷумлаи пайрав дар шакли мухтасар, бе қисми феълиашон низ истеъмол меёбанд ва ин ҳолат бештар дар ибораҳое рӯй медиҳад, ки онҳо синоними ҷумлаи пайрави хабарҳояшон номӣ мебошанд:...
бинобар торикии он ҷо ба чашми худаш дӯхта шуда истодаани чашми қурбонии худро намедид (С. А., Кул., ҷ. 1, саҳ. 91).
Дар ин ибора феъли ёридиҳандаи «будан» афтида
бошад ҳам, маъно барҷаста ва ҷумла равон аст. Феъли

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё