Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
мебошад2. Бо вуҷуди ин баъзе ҷумлаҳои пайрав, аз он ҷумла баъзе ҷумлаҳои пайрави сабаб, бо ибораҳо дар иҷрои вазифаи синтаксисӣ синоним мебошанд. Чӣ хеле ки синонимҳо айни якдигар нестанд, ҷумлаи пайрав ва ибораи ба вазифаи вай омадаро ҳам як чиз номидан мумкин нест.
Дар забон мавҷуд будани воситаҳои зиёди ифодаи фикр далели бойгарӣ, қобилиятнокӣ ва фасеҳию балеғии забон аст. Дар забони адабии тоҷик чунин воситаҳо фаровонанд ва ба ҷои якдигар истеъмол ёфтани ибораҳои гуногун ва ҷумлаи пайрав яке аз намудҳои он мебошад.
Ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳол синоними бисёрии ҷумлаҳои пайрави сабаб мебошанд, вале дар китобҳои дарсӣ3 ва корҳои ҷудогонаи илмӣ4 чӣ ба восита ва чӣ бе восита дар бораи ба ибораи масдарӣ табдил додани ҷумлаи пайрави сабаб каму беш маълумот дода шуда бошад ҳам, дар бораи бо ибораи феъли ҳол синоним будани онҳо чизе гуфта нашудааст.
Ба ҷои якдигар истифода ёфтани ҷумлаи пайрави сабаб ва ибораҳои масдарӣ ва феъли ҳолро дар мисолҳои зерин равшан дидан мумкин аст:
-
Азбаски ӯ фанҳо ва илмҳои гуногунро медонист, ҳамзамононаш ба ӯ «Зӯфунун» лақаб монда буданд (С. А., Кул., ҷ. VII).
-
Аҳолии қишлоқ, ки ба ҷуръату зӯрии вай қоил шудаанд, аввал ба ӯ лақаби «Говкуш»-ро медиҳанд (Р. Ч., Од.
ҷов., к. II, саҳ. 53).
Бинобар фанҳо ва илмҳои гуногунро донистанаш ҳамзамононаш ба ӯ «Зӯфунун» лақаб додаанд.
Аҳолии қишлоқ ба ҷуръату зӯрии вай қоил шуда аввал ба ӯ лақаби «Говкуш»-ро медиҳанд...
Дар забони адабии тоҷик чунин ҷумлаҳои пайрави сабаб низ ҳастанд, ки ба ҳар ду ибораи синонимӣ бадал мешаванд:
Баъзе касони бухорӣ ҳам, ки аз мактаби кӯҳна ба ҷон омада буданд, фарзандони худро дар мактаби тоторҳо монданд (С. А., Кул., ҷ. I, 59).
- Баъзе касони бухорӣ ҳам ба сабаби аз мактаби кӯҳна ба ҷон омаданашон ва ё 2) Баъзе касони бухорӣ ҳам аз мактаби кӯҳна ба ҷон омада, фарзандони худро дар мактаби тоторҳо монданд.
Ҷумлаҳои пайрави сабабе, ки бо ибораҳои масдарӣ ва
феъли ҳол синоним ҳисоб меёбанд, ба сарҷумла одатан бо
пайвандаки «ки» робита пайдо мекунанд. Ба ин вазифа

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё