Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
Боби IV
МУНОСИБАТИ СИНОНИМИИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ БО ИБОРАҲО
Ҷумла ва ибора ду категорияи махсуси синтаксисӣ буда, аз якдигар ба таври куллӣ фарқ мекунанд ва ҳар кадом дорои хусусиятҳои ба худ хоси грамматикӣ мебошанд. Ибора воҳиди пурраи мубодилаи афкор ва ифодакунандаи фикри том шуда наметавонад, характери баёнкунӣ ва маълумотдиҳӣ аз доираи вазифаи он берун мемонад. Ибораҳо характери предикативӣ надоранд1, интонатсияи ҷумла ба онҳо хос нест, дар онҳо муносибатҳои синтаксисие, ки ба тасдиқ ва ё инкори ин ва ё он фикр қодир бошанд, дида намешавад. Аз ин ҷост, ки ибораҳо барои ҷумлаи содда материали асосӣ ба шумор мераванд ва ҳар як ҷумлаи содда метавонад дорои якчанд ибора бошад.
Ҳарчанд ки ибора ва ҷумла аз якдигар фарқи куллӣ доранд, вале бисёри ибораҳо дар иҷрои ин ва ё он вазифаи синтаксисӣ бо ҷумлаҳои пайрав баробар истеъмол меёбанд ва, одатан, ҷони ибора ва ҷумлаҳои пайравро синоними якдигар меноманд. Ҷумлаи пайрав ва аъзоёни ҷумлаи соддаро аз ҷиҳати синтаксисӣ ба ҳам синоним номидан ҳам асосан нисбӣ ва шартӣ мебошад, чунки аъзои пайрави ҷумлаи содда на ҳама вақт вазифаи ҷумлаи пайравро иҷро менамояд, бисёри ҷумлаҳои пайрав дар шакли ибора воқеъ намегарданд ва онҳоро ба ибораҳо иваз намудан мумкин нест. Барои ба таври конкрет ва равшан ифода намудани ин ва ё он фикр ҷумлаи пайрав нисбат ба ибора имконияти зиёд дорад ва ҳар як фикрро бо тобишҳояш ифода мекунад, барои ин мисли пайвандакҳо, замонҳо ва сиғаҳо воситаҳои зиёди грамматикӣ дар ихтиёри ҷумлаи пайрав

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё