Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
меёбанд, бинобар ин онҳо барои ба сарҷумла тобеъ намудани ҷумлаи пайрав оянд ҳам, хусусияти нишондиҳандагии муносибати сарҷумла ва ҷумлаи пайрав аз доираи вазифаи онҳо берун мемонад. Маҳз аз ҳамин сабаб аст, ки доираи истеъмолии онҳо дар асарҳои бадеӣ камтар ва дар ҳуҷҷатҳои расмӣ бештар маҳдуд шуда истодааст ва аз ин ҳисоб пайвандакҳои хоси сабабӣ бурд карда истодаанд, ки ин дар натиҷаи инкишофи баланди забону тафаккур ба амал меояд.
Гурӯҳи сеюми пайвандакҳо ҷумлаҳои пайрави сабаберо ба сарҷумла тобеъ менамоянд, ки тобиши маъноӣ дошта, таносуби истеъмолии онҳо хеле маҳдуд аст.
Барои ба сарҷумла тобеъ намудани ҷумлаи пайрави сабаб интонатсия, ҷобаҷогузории сарҷумла ва ҷумлаи пайрав, мутобиқати шаклҳои гуногуни сиғаҳо, ҳиссача ва калимаю таркибҳои модалӣ низ мавқеи муайяне доранд ва барои дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеи бепайвандак омадани ҷумлаи пайрави сабаб имконият медиҳанд. Албатта, роли онҳо чун роли пайвандакҳо барҷаста нест. Пайвандакҳо воситаи асосии грамматикии робиtai ҷумлаи пайрави сабаб бо сарҷумла ва нишондиҳандаи муносибатҳои онҳо мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё