Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Донаҳое, ки аз қисми миёнаи сутаҳо гирифта шуданд, ҳамчун тухмӣ сифати хуб доранд. Тухмиҳоро дар корхонаҳои махсус аз ғашҳо тоза карда, аз рўи навъу андозаашон ҷудо мекунанд. Ин корҳо бо воситаи машинаи КСК-1 ва сепаратори СВУ-5К гузаронида мешаванд. Тухмиҳо ба воситаи фунгитсидҳои: ТМТД, 80 фоиза х.т. (2кг/т), Витавакс- 200, 75 фоиза х.т. (2кг/т ), Тигам, 37 фоиза (4кг/т) аз касалиҳои сиёҳак (гардӣ, ҳубобӣ), мағорзанӣ ва пўсиши решаву поя безарар карда мешаванд.
Дар мубориза бар зидди касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон мукаммалкунии (инкустратсия-шурофибизатсия) тухмиҳо аҳамияти калон дорад, чунки тавассути ин чорабинӣ дар маҳлуле, ки моддаҳои полиметрии дар об ҳалшаванда дорад, (микроэлементҳо ва моддаҳои сабзишро фаъолкунанда) тар мекунанд, то болои онҳоро пардаи муҳофизатӣ ва фаъолиятбахши сабзиш фаро гирад. Кишт бо тухмипошакҳои кишти дақиқ СПК-6, СПЧ-6м, СУПН-8, СУПН-8А, СПКК-12 гузаронида мешавад. Дар як вақт баробари кишт барои обмонӣ ҷўякҳо мебуранд.
Фарқияти имконпазири чуқурии киштшавии тухмӣ набояд аз ±1 см ва меъёри кишт аз ±5% зиёд бошад.
Тухмипошакҳо дар тракторҳои нармкунандаи Т-28х4м ё МТЗ-80 пайваст карда мешаванд. Ба кишти ҷуворимакка баҳорон дар вақти ҳарорати чуқурии киштшавии тухмиҳо 10-120С будан шурўъ мекунанд.
Дар ҳолати мусоид омадани шароити обу ҳавои ноҳияҳои водигии ҷумҳурӣ кишти ҷуворимакка охири моҳи март ва даҳаи якуми апрел сар шуда, то 20 апрел давом меёбад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ кишт дар даҳаи сеюми апрел гузаронида мешавад. Дар минтақаҳои пахтакори ҷумҳурӣ кишти ҷуворимакка то саршавии авҷи кишти пахта ба итмом мерасад.
Киштҳои ангории ҷуворимакка пас аз зироатҳои ғаллагии хўшадор бо мурури ғундоштани онҳо гузаронида мешаванд. Чунин киштҳо бояд то аввали моҳи июл барои дон ва барои силос то даҳаи якуми моҳи август ба охир расонида шаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ