Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҷуворимакка ба таври васеъҷўяк кошта мешавад. Барои силос васеъгии байни қаторҳо 60 см ва барои дон 70 см (тухмиҳо бо усули қаторнуқтагӣ ҷойгир мешаванд) ташкил медиҳанд. Дар хокҳое, ки аз рўи таркиби механикиашон ба гурўҳи хокҳои вазнин мансубанд, гузаронидани киштҳои пуштагӣ ба мақсад мувофиқ аст. Ин усули кишт имконият медиҳад, ки низоми обӣ, ҳавоӣ ва ғизоии хок беҳтар шуда, ҳосилнокии ҷуворимакка афзояд.
Меъёри кишти тухмӣ бо роҳи ҳисобӣ бо назардошти шароитҳои хоку иқлим, низоми ғизо, ҳаҷми тухмӣ, хусусиятҳои биологии дурага ва аз рўи зичии ниҳолҳо пеш аз ғундоштани ҳосили мақсадноки кишт (дон, баргу пояи сабз) муайян карда мешавад. Зичии беҳтарин барои дон бояд дар ҳудуди 50-60 ҳаз. растанӣ дар як гектар бошад. Дар як метри тўлонӣ, вақте ки бари қаторҳо 60 см аст, бояд 3,5-4 растанӣ ва дар вақти 70 см будани бари қаторҳо 4-5 растанӣ рўяд. Барои силос меъёри кишти тухмиҳо 10-15 % зиёд карда мешавад (60-70 ҳаз. растанӣ дар 1 гектар).
Зичии ниҳолҳо ва майдони ғизогирӣ ба низомҳои рўшноӣ, гармӣ, ҳавоӣ, обӣ, ғизоӣ ва баробари ин ба сабзишу инкишоф ва маҳсулнокии ҷуворимакка таъсири куллӣ мерасонад. Дар вақти зиёд будани зичии ниҳолҳо ҳиссаи баргу поя дар ҳосил зиёд шуда, ҳиссаи сўтаҳо кам мешаванд. Инкишофи растаниҳо 4-5 рўз, махсусан дар давраи пайдоиши сўтаҳо, қафо мемонад.
Меъёри кишти тухмиҳо аз рўи вазни онҳо барои заминҳои обӣ 25-30 кг, лалмӣ 18-20 кг (аз рўи ҳисоби 0,09-0,1 млн. тухмӣ қобили нешзанӣ дошта) дар як гектар аст. Агар вазни 1000 дона тухмии дурагаи кошташаванда 300г бошад, дар ин сурат меъёри тухмӣ аз рўи вазн ба 30 кг (0,1х300) баробар мешавад.
Тухмиҳо дар чуқурии 5-7 см таги хок карда шуда, дар хокҳои намноку вазнин ин чуқурӣ кам ва дар хокҳои сабук зиёд карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ