Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ АЛАФҲОИ БЕГОНА. Барои нест кардани алафҳои бегона дар киштҳои ҷуворимакка гербитсидҳои гуногун- Эрадикан, Агелон, Диалон, Примэкстра, Симазин, Алирокс, Банвел, Прометрин, 2,4 Д намаки аминӣ ва ғайра истифода мешаванд.
Эрадикан -гербитсиди тезбухоршаванда аст. Барои нест кардани алафҳои бегонаи ғаллагӣ пешбинӣ шудааст. Азбаски ин гербитсид зудбухоршаванда аст, онро бояд пас аз пошидан зуд дар чуқурии 10-12 см ба воситаи чархмолаю сихмолаҳо зери хок кард. Эрадиканро пеш аз кишт бо меъёри 6-7 л/га бо сарфи 300 л/га маҳлули корӣ мепошанд.
Дар хокҳои бадсифат тайёршуда, хокҳои сернам, ҳангоми (зиёда аз 250С) баланд будани ҳарорат ва вазидани шамол пошидани он манъ аст.
Чунки, ин боиси камшавии самаранокии ин дору мегардад. Дар масоҳати кишт баробар пошидани маҳлули корӣ хеле муҳим аст.
Алирокс- маҳлул 80 фоиз к.э. (истеҳсоли Венгрия), ба меъёри 4,5-9 л/га то кишт ба муқобили алафҳои бегонаи яксолаи ва бисёрсолаи ғаллагӣ ва инчунин яксолаи якпалагӣ истифода бурда мешавад. Баъди пошидон фавран зери хок карда мешавад.
Банвел (4,8 фоиза) истеҳсоли Шветсария. Ин гербисидро бо меъёри 0,4-0,8 л/га ба муқобли алафҳои бегонаи яксолаи дупалагӣ дар давраи 3-5 баргдоршавиашон истифода мебаранд.
Ин усулҳо имконият медиҳанд, ки истифодаи заҳр-доруҳо сарфа карда шавад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ нарасад. Хоҷагиҳои пешқадам таъсири зарароварии заҳрдоруҳоро ба муҳити зист, микрофлораи хок ва сифати маҳсулот ба назар гирифта, ба истифодаи маъмули усулҳои муборизаи агротехникӣ (киштгардон-ҳо, коркарди хушсифати саривақтии хок, тухмиҳо, кор-карди байниқаторӣ ва ғайра) бештар аҳамият медиҳанд.
ТАЙЁР КАРДАНИ ТУХМИҲО БА КИШТ ВА ГУЗАРОНИДАНИ
КИШТ. Яке аз василаҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланд ҳангоми парвариши ҷуворимакка ба усули шадид, гузаронидани кишт бо тухмиҳои хушсифати дурагаҳои репродуксияи якум, дараҷаи яку-ми ноҳиябандишуда аст, ки қобилияти нешзаниашон – 90% ва дараҷаи тозагишон на кам аз 90% мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё