Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ГурўҳМиқдори Меъёрҳои Р205 (кг/га) барои ҳосили,дон
и хокҳоР205 дар хок, с/га
мг/кг100 ва зиёдтар
то 15
аз 60 зиёд Меъёри нуриҳои калийдор (ҷадвали 10) низ дар асоси нишондодҳои картограмма ва миқдори калии мубодилашавандаи хок муайян карда мешавад.
10. Меъёри нуриҳои калийдор барои парвариши ҷуворимаккаи донӣ
Гурўҳи Миқдори калии Меъёри К20 (кг га) барои
хокҳомубодилашванда ҳосили с/га
дар хок, мг кгаз 100 зиёд
аз 400 зиёд Барои ҷуворимакка истифода бурдани нуриҳои органикӣ (пору) аҳамияти махсус дорад. Нуриҳои органикӣ ҳолати фитосанитарии хок, танзими об ва ғизоиро беҳтар карда, қобилияти устувории растаниҳоро ба касалиҳо зиёд намуда, ҳосилнокӣ ва миқдори сафедаю равғанро дар ҳосил афзун мекунанд. Дар сабзиш ва инкишофи ҷуворимакка микроэлементҳои молибден ва руҳ аҳамияти калон доранд.
Меъёри солонаи пору, калиӣ ва 50% фосфор пеш аз шудгор пошида мешаванд. Қисми боқимондаи фосфор ва нуриҳои нитрогенӣ дар ду ғизодиҳӣ ворид карда мешаванд. Ҳангоми ғизодиҳӣ дар давраҳои охири инкишофи ҷуворимакка ҳосилнокӣ нисбатан баланд мешавад.
Дар вақти кишт низ нуриҳои фосфорӣ бо меъёри 25-30 кг га (м.т.) дар намуди аммофос пошида мешаванд.
Самаранокии истифодаи нуриандозии наздирешагӣ баҳорон ба чуқурии 8-10 см исбот шудааст. Барои пошидану зери хок кардани нуриҳо РУМ-5, РУМ-6 ва нурипошакҳои дигар истифода бурда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё