Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Вобаста ба ҳосили тарҳрезишуда дар ғизодиҳии якум 120-150 кг/га нитроген ва 60 кг/га (м.т.) фосфор пошида мешавад. Нуриҳо дар чуқуриҳои 10-12 см ва дар ҳамин масофа аз қатори растаниҳо дуртар зери хок карда мешаванд.
Давраи дуюми танқисии ба нуриҳо талаботи калон доштани ҷуворимакка ба давраи сабзиши тез ва пайдоиши узвҳои генеративии он рост меояд. Ғизодиҳии дуюм ба коркарди охирини байниқаторӣ вобаста карда мешавад ва дар давраи 6-7 баргию аз 60-70 см зиёд набудани қади ҷуворимакка гузароинда мешавад.
Талаботи ҳадди ниҳояти нитроген то давраи намудоршавии ҷорўбакҳо идома меёбад. Меъёри боқимондаи нитроген ва 40-60 кг/га (м.т.) фосфор дар таги ҷўяк дар чуқурии 4-5 см андохта мешавад.
Дар водии Ҳисор аз рўи нақшаи ҳосили 60-80 с/га дон 180-240 кг/га (м.т.) нитроген истифода бурда мешавад.
Нуриҳои нитрогенӣ миқдори сафедаро дар ҳосил зиёд мекунанд. Норасоии нитроген фаъолияти дастгоҳи азхудкунандаро (ассимилятсиониро) суст гардонида, давраи намудоршавии ҷорўбакҳоро 8-10 рўз қафо мепартояд.
Меъёри нуриҳои фосфорӣ (ҷадвали 9) дар асоси нишондодҳои картограмма аз рўи фосфордории хок муайян карда мешавад.
Ҷуворимакка нуриҳои фосфориро нисбат ба нитроген аз давраҳои аввали инкишоф то давраи охири ширию хамирӣ як хел истифода мебарад.
Норасоии фосфор сабаби дер баромадани гардгирак аз сўта мегардад, калий инкишофи растаниро тезонда, қобилияти обзахиракунии коллоидҳои ҳуҷайра, мубодилаи моддаҳо, ба хушкӣ тобоварӣ ва устувории растаниҳоро аз касалию хобидан беҳтар мекунад. Дар ҳолати ба таври мўътадил таъмин будани растаниҳо бо калий сабзии ранги растаниҳо дер боқӣ монда, фаъолияти фотосинтетикиашон беҳтар мешавад.
9. Меъёри нуриҳои фосфорӣ барои парвариши ҷуворимаккаи донӣ

пешина
аз 314
навбатӣ