МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
- Комила-бегим
Комила-бегим шоираи замони ҳукмронии Акбаршоҳ буда, дар Деҳлӣ зистааст.
Дар сарчашмаҳо аҳли илму фазл ва закитабъ буданашро зикр кардаанд. Мутаассифона, аз осораш то замони мо хеле кам расидааст.
Рубоии зерин мазмунан чун ҳамдардӣ ба мухотаб (аз қавли «Энсиклопедияи советии тоҷик» ба Файзии Даканӣ), ки ягон касашро аз даст додааст, пешкаш ё ирсол шудааст:
Файзӣ, махўр ин ғам, ки дилат тангӣ кард,
Бо пойи умед умри ў лангӣ кард.
Мехост, ки мурғи рўҳ бинад рухи дўст,
З-ин восита аз қафас шабоҳангӣ кард.
Мантиқан дар мисраи савум пайвандак бояд пас аз мубтадо биёяд, дар мисраи охир «аз ин восита гуфтан»
шояд он замон роиҷ будааст ва «шабоҳангӣ»-ро «шаб оҳанге» ҳам метавон хонд, яъне – мурғи рўҳ аз қафас шаб оҳанге (оҳанги парвоз) кард.
- Ниҳонӣ
Дар бораи Ниҳонӣ ҳамин қадар маълумот ҳаст, ки дар қарни ХVI дар шаҳри Ҳирот зиставу камол ёфта, аниси модари Сулаймоншоҳ – Хуррам-бегим будааст.
Ҳусну ақли басо расо ва дар сурудани шеър, бахусус рубоӣ маҳорати комиле доштааст.
Нақл аст, ки ашхоси зиёде аз ҳар доира хостгораш шудаанд, вале Ниҳонӣ шарт гузоштааст – ба касе мерасад, ки ин рубоияшро посух бигўяд:
Аз марди бараҳнарўй зар металабам.
Аз хонаи анкабўт пар металабам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё