МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Дўш то субҳдам аз гиряву аз нолаи ман
Лолаи сўхта хун дар дилу по дар гил буд.
Хостам сўзи дили хеш бигўям бо шамъ,
Буд ўро ба забон, он чи маро дар дил буд…
Давлате буд тамошои рухат Меҳриро,
Ҳайфу сад ҳайф, ки он давлати мустаъҷил буд!
Дар «Гулшани адаб» (ҷилди 3, Д, «Ирфон», 1976, саҳ.127) маълумоти тозатаре набошад ҳам, ҷуз пораҳои мазкур ғазале бо матлаи «Имшаб, ки бўса аз лаби худ бозмедиҳад…» ва маснавие оварда шудаанд, ки лоиқи ҳунари муаллифи шеърҳои боло нестанд.
Муаррихи кобандаву ёбанда Аҳрор Мухторов дар китобхонаи Донишгоҳи шаҳри Алигарҳи Ҳиндустон китобе бо номи «Баёз-ул-ашъор» пайдо карда, ки намунаҳои эҷоди чанд шоираро низ шомил будааст. Аз ҷумла, Бибӣ Меҳрии Чунгӣ (ё Чангӣ?) ҳам зикр шудаву панҷ байташ сабт ёфтааст (Аҳрор Мухторов. Дурдонаҳои маданияти Тоҷикистон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон. Д., «Ирфон», 1984, саҳ.144). Бояд гуфт, ки қаринаҳои беҳтари ин байтҳо дар «Бистусе адиба» омадаанд. А.Мухторов афсўс мехўрад ва, воқеан, ҷойи таассуф аст, ки Тоҷӣ Усмон маъхазҳои мавриди истифодаашро зикр накардааст ва дақиқ гуфтан наметавон, ки Меҳрии Чунгӣ (Чангӣ) ҳамон Меҳрии Ҳиротист ё дигар. Вале ба тахмин метавон гуфт, ки як нафаранд ва ба ин ҷуз пораҳои як шеър, ки дар китобҳои гуногун омадаанд, дар марҷае зикр нашудани шоираи дигаре бо ин ном далел шуда метавонад.
Билохира, Чунгӣ (ё Чангӣ) будани Меҳрии Ҳиротӣ ҳам номумкин нест. Дар хусуси «Бибӣ» бошад, гумони ғолиб он аст, ки арзи эҳтироми мураттиби баёз бошад, чунки нисбат ба шоираи баъдӣ низ истифода шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё