МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Воқеан, чи кор меояд он ҳама дороӣ, ки ҳамсафари умр ҳамнафасу мувофиқи кас набошад? Шояд Хоҷа Абдулазиз бо хонаву дар ва зару зевараш таъна мекарда, ки шоира ранҷидаву таҳдор гуфтааст:
Дар хонаи ту он чи маро шояд, нест,
Банде зи дили рамида бикшояд, нест.
Гўйӣ, ҳама чиз дорам аз молу манол,
Оре, ҳама ҳасту он чи мебояд, нест!
Табъи равон, ҳозирҷавобиву ошкоргўйии Меҳрӣ ҳасудонашро пайваста нороҳат медошт ва оқибат бо шўрандозии онҳо ҳоким шоираро зиндон кард. Ў дар ҳабс рубоии зеринро суруд:
Шаҳ кунда ниҳод сарви симинтанро,
З-ин воқеа шеван аст марду занро.
Афсўс, ки дар кунда бихоҳад пўсид
Пое, ки душоха буд сад гарданро!
Ҳоким, ба хашм омада, Меҳриро аз дарбораш меронад. Дар бораи ў дигар маълумоте нест, вале метавон тахмин кард, ки ҳаёти зани мардуди дарбор минбаъд чи сангин будааст.
Агар он як дубайтӣ ва се рубоии фавқ гувоҳи латофату зарофати табъи Меҳрӣ бошанд, ғазали зерин, ки накҳати сабки Хоҷа Ҳофиз медиҳад, далели дар сурудани шеъри ғиноии иҷтимоӣ низ даст доштани шоираи соҳибзавқ аст:
Ҳалли ҳар нукта, ки бар пири хирад мушкил буд,
Озмудем - ба як ҷуръаи май ҳосил буд.
Гуфтам аз мадраса пурсам сабаби ҳурмати май,
Дари ҳар кас, ки задам, бехуду лояъқил буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё