Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Меҳрии ҷавон, дар аввал чун завҷаи табиби хоси шоҳ, ба дарбори ҳокими Хуросон Шоҳрух-мирзо (1405–1447) роҳ ёфта, баъдан тавассути ҳусни расои зоҳиру ботин, хушсуханиву суҳбатороӣ ва зарифиву ҳозирҷавобӣ қарини ҳамсари ҳоким шудааст.
Устод Айнӣ чун далели табъи равони Меҳрӣ нақли муаллифи «Тазираи оташкада»-ро меорад («Намунаи адабиёти тоҷик», нашри Маскав, саҳ.183): «Рўзе Меҳрӣ дар хидмати Гавҳаршодбегим машғули суҳбат буд, ки шавҳараш Хоҷа Абдулазиз аз дур намоён шуд. Бегим чандеро маъмур кард, ки Хоҷаро зудтар вориди маҷлис намоянд.
Маъмурин, ҳарчанд исрор мекарданд, Хоҷа, ки зотан пиру заиф буд, илова бар ин, барои хушии хотири Бегим зиёдатар дар роҳ рафтан изҳори заъфу нотавонӣ мекард.
Бегим ба Меҳрӣ гуфта, ки то омадани Хоҷа шеъре мушаъар (рамзӣ, дархурди ҳол – Н.Қ.) бар заъфи ў бигўяд.
Меҳрӣ дар бадеҳа ин шеърро гуфта:

Маро бо ту сари ёрӣ намондаст,
Дили меҳру вафодорӣ намондаст.
Туро аз заъфи пирӣ қуввату зўр
Чунон ки пой бардорӣ, намондаст!».

Устод Айнӣ ин ҳозирҷавобӣ, эҳтимолан бахусус маънои духураи байти дуюмро писандида, бо ваҷд хитоб кардааст, ки «Алҳақ, бағоят хуб гуфта!».
Воқеан, шавҳари пиру номувофиқи он синну сол ва ҳусну ҷамол алами якумрии шоира будааст, ки аз номи занони ҳамтақдири хеш боз ҳам хитоб мекунад:

Шўи зани навҷавон агар шер бувад,
Чун пир бувад, ҳамеша дилгир бувад.
Оре, масал аст, он ки гўянд занон:
Дар паҳлуи зан тир беҳ аз пир бувад!

пешина
аз 323
навбатӣ