МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ва Ҷаҳон-хотунро бо Хоҷа Убайд мушоираву мунозира аст ва Убайд дар боби ў мегўяд:
Гар ғазалҳои Ҷаҳон рўзе ба Ҳиндустон фитад,
Рўҳи Хусрав бо Ҳасан гўяд, ки ин к.с гуфтааст!
Гўянд, ки Хоҷа Аминуддин, ки дар аҳди шоҳ Абўисҳоқ вазири бо қадру манзалат буда, Ҷаҳон-хотунро ба никоҳи худ даровард ва Хоҷа Убайд дар он боб мегўяд:
Вазиро, Ҷаҳон каҳбаи бевафост,
Туро аз чунин каҳбае нанг нест?
Бирав, к.сфарохи дигарро бихоҳ,
Худои Ҷаҳонро ҷаҳон танг нест!»
(«Тазкират-уш-шуаро»,
нашри мазкур, саҳ.289–290)
Агар аз ин «мушоираву мунозира»-ҳо бигзарему ба ягона байти боқимондаи Ҷаҳон-хотун («Намунаи адабиёти Эрон» (таълифи Мирзомуҳсин Иброҳимӣ, Боку, 1922) бо чашми завқ бингарем, дармеёбем, ки нишонаи заррини шоири баркамолу пурҳолест. «Аз об сурат» ва аз «зарраҳо офтоб сохтан» бисёр шоирона аст ва кош бо заҳмати муҳаққиқону лутфи қисмат осори бештаре аз чунин шоир пайдову нашр бишавад!
- Меҳрӣ
Оид ба ин шоираи хуштабъи ҳиротӣ дар шоҳасари устод Айнӣ мехонем: «Надимаи Гавҳаршодбегим – завҷаи Шоҳрух-мирзо ибни амир Темур аст ва шавҳараш Хоҷа Абдулазиз – табиби хоси Шоҳрух» («Намунаи адабиёти тоҷик», нашри Маскав, саҳ.182). «Энсиклопедияи советии тоҷик» вафоташро тақрибан соли 1449 гуфтааст (ҷилди 4, саҳ.372).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё