Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ид аст, ҳазор чора хоҳам кардан,
Дар ид ба ту назора хоҳам кардан;
Ту ҷомаи нав пўш, ки ман аз дастат
Ин куҳнаи хеш пора хоҳам кардан!

Дил дар азал омад ошёни ғами ту,
Ҷон то ба абад бувад макони ғами ту,
Ман ҷону дили хеш аз он дорам дўст,
К-ин доғи ту дорад, он нишони ғами ту.

Дил бе ту ба ҷуз хуни ҷигар борад? Не!
Монанди ту бевафо фалак орад? Не!
Не, не, зи фалак чи айб, ту умри манӣ,
Аз умр касе вафо тамаъ дорад? Не!

  1. Ҷаҳон-хотун

«Тазират-ул-шуаро» оид ба ин шоира дар фасли Убайди Зоконӣ (1270–1370) маълумот додааст. Бинобар он ки Давлатшоҳи Самарқандӣ «мушоираву мунозира»-ашро бо он устоди ҳазлу ҳаҷви классикӣ зикр мекунад, метавон тахмин кард, ки шоира дар охири асри ХІІІ ва нимаи аввали асри ХIV умр ба сар бурдааст.
Ҷаҳон-хотун аввал дар Мовароуннаҳр мезистааст ва пас ба дарбори шоҳ Абўисҳоқ, ки дар як гўшаи Эрон давлати кўчаке таъсис дода буд, рафтааст. Тафсили ҳол он аст, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ меорад: «Ҳикоят кунанд, ки Ҷаҳон-хотун ном зарифаву мустаъиддаи рўзгор ва ҷамилаи даҳру шуҳраи шаҳр будаву ашъори дилпазир дорад ва аз он ҷумла ин матлаи қасида ўрост, матлаъ:

Мусаввирест, ки сурат зи об месозад,
Зи зарра-зарраи хок офтоб месозад.

пешина
аз 323
навбатӣ