Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ин ашки ақиқранги ман чун бичакад,
Об аз дили сангу чашми гардун бичакад.
Чашмам чу зи ту бурид, аз ў хун бичакид,
Шак нест, ки аз буридагӣ хун бичакад!

З-андешаи ин дилам ба хун мегардад,
К-охир кори ману ту чун мегардад:
То чанд ба ман лутфи ту мегардад кам,
То кай ба ту меҳри ман фузун мегардад?

Дил нағмазанон мулки ҷаҳон металабад,
Пайваста ҳаёти ҷовидон металабад.
Мискин, хабараш нест, ки сайёди аҷал
Пай бар пайи ў ниҳода ҷон металабад!

Дар ғурбат агарчи бахт ҳамраҳ набувад,
Боре душман зи ҳолам огаҳ набувад,
Донӣ, ки чаро гузидаам ранҷи сафар –
То мотами шер назди рўбаҳ набувад!

Ашкам зи ду дида муттасил меояд,
Аз баҳри ту, эй меҳргусил, меояд.
Зинҳор бидор ҳурмати ашки маро,
К-ин қофила аз каъбаи дил меояд!

Чандон, ки ба кори хеш вомебинам,
Худро ба ғами ту мубтало мебинам,
Ин турфа, ки дар оинаи дил шабу рўз
Ман менигарам, вале туро мебинам!

Эй бахт, чаро шудӣ зи мо саргардон
В-эй ёр, чароӣ аз вафо саргардон?
Эй чарх, бигў, ки то ба кай хоҳӣ дошт
Монандаи хештан маро саргардон?

пешина
аз 323
навбатӣ